Духтари нобиное, ки дар “Фурӯғ…” ғолиб шуд

Қиссаи ӯ ҷолиб аст. Ӯ ҳамаи осори назмӣ ва насриро аз забони модараш гӯш карда, аз худ намудааст. Ин духтар бо вуҷуди нобиноӣ пас аз 4 соли иштирок дар озмуни ҷумҳуривии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» пирӯз шуд!

Ахмедзода Фараҳбахш — зодаи шаҳри Панҷакент, хонандаи синфи 9-и МТМУ №63, духтараке, ки бо амри тақдир нобино ба олами ҳастӣ қадам гузоштааст. Аз ҳамсолони худ ду сол дер ба таҳсил оғоз кард. Бо ёрии атрофиён ба мактаб меравад. Шӯру шавқ ва ҷозибаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ӯро водор сохт, ки дар номинаи адабиёти классикии тоҷик бо ёрии модараш омодагӣ бинад. Нокомиҳо дар давоми солҳои гузашта ӯро руҳафтода накард ва бо иродаи устувор ба омӯзиш идома дод.

Ба қавли модар, ҳамаи шеърҳоро ӯ барояш мехонд ва духтар ҳифз мекард. Ҳамчунин, асарҳои насриро низ модар мехонд ва ӯ ба ёд мегирифт. Ин ҳама заҳмат буд, ки дар даври вилоятии озмун соҳиби мақоми аввал гардид ва то даври ҷумҳуриявӣ боз кӯшиш намуд ва орзуи худу падару модарро бароварда гардонид. Дар даври ниҳоии озмун соҳиби мақоми сеюм гардид.

Ҳангоми ба саҳнаи маросими ҷоизасупории озмун баромаданашро наметавон тафсир кард, кафкӯбии пурмавҷтарини иштирокчиён барояш ҷаҳон-ҷаҳон сипос буд. Аҳли толор ба риққат омаданд, зери лаб аҳсанхонон каф мекӯфтанд.

Ҷозибаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳамин аст, ки духатараке нобино бо шӯру шавқ 4 сол меомӯзад, ба ҳарфи китоб гӯш фаро медиҳад ва ниҳоят шаҳди пирӯзӣ мечашад.

Мо ҳама бо чашми сар ҷараёни озмуну маросими ҷоизасупориро дидем, вале Фараҳбахш он ҳамаро бо чашми дил бидид.

Ҷаҳони сипос, ба ифтихораш!

Ҷаҳони сипос, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои роҳандозии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»!

Фурӯғи коинот аз офтоб аст,

Фурӯғи одамият аз китоб аст.

Ҷаҳонгиршоҳ РУСТАМШОҲ, журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *