Дурӯғ нагуфтан қаҳрамонист!

Солҳои охир аз журналистон мегурезам, онҳо аз қафоям медаванд, вале ман сар намефарорам.

— Чаро?,- суол намо аз ман.

Посух медиҳам:

— Ман намехоҳам дурӯғ гӯям… Барои рост гуфтан дилу гурда даркор ва барои гапи рост гӯши шунаво… Имрӯз на ин ҳасту на он. Ман дурӯғ гуфтанро нағз намебинам. Дар ин замон дурӯғ нагуфтан қаҳрамонист…

***

Шумо боре дар мавриди “Тоҷик” фикр кардаед? Боре андешидаед, ки дар дунё фақат номи мо “тоҷ” аст. Тамоми дунё ба бузургони мо сари таъзим фуруд овардаанд. Гёте, Нитше, Пушкин, Есенин ошиқу пайрави бузургони мо буданд. Мо имрӯз Синоро намешиносем.

Чаро ин ҳарфҳоро мегӯям?

Дилам ба миллатам месӯзад.

Намехоҳам, ки тоҷ дар Русия роҳ рӯбад… то се копейк гирифта, ба бачаҳояш фиристад…

Тоҷик бояд ба тоҷ сазовор бошад, бихонад, аз бесаводӣ ва торикиву ҷаҳолат раҳо ёбад…

***

Аз барои Худо, ман ин мардумро намефаҳмам. 60 сол дар саҳнаи театр ва майдони синамо худамро дарронида, барои обрӯйи тоҷик хизмат кардам… Дар театру кино 19 ҷароҳати вазнин бардоштам…

Суҳроби ман нақши ҷаҳонӣ аст. Ман барои ин нақш халта-халта мактуб гирифтаам… Кишварҳои дигар хона ваъда карданд, нарафтам, барои тоҷик кор кардам.

Дар солҳои нооромӣ, ки номи тоҷик паст шуд, театр маро даъват кард, ки ягон асар монам, то ки хориҷа равем. Эдипро эҳё кардам. Маскав рафтем. Дар таърих ягон «Эдип» ду маротиба Маскавро фатҳ накардааст, фақат “Эдипи Ҳошим Гадо!”…  

Ман чӣ кардам, кӣ тоҷик маро дидан намехоҳад…

Намегузоранд, ки дар саҳна кор кунам… Китоб навишта, мардумро ба роҳи рост ҳидоят кунам, хон гӯям, худатро накуш, падару модаратро эҳтиром кун, аз ҳама муҳим худатро шинос гӯям, мегӯянд девона аст… Ягон девона 500 ҷилд китоб менависад?!

Ҳошим ГАДО

Аз идора: 10-уми май Ҳунарманди халқии ИҶШС Ҳошим Гадо 86-сола шуд. Мо ҳунармандро ба муносибати мавлудаш табрик мегӯем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *