Шиканҷадиҳандаи ҷавони маъюб боздошт шуд   

РВКД шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда Камолиддин Расулов, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес”, таҳти рақамҳои 0020WL01, бо ҳамроҳии писараш дастгир карда шуд. 

Иттилоъ дода мешавад, ки номбурда мутаваллиди соли 1978 буда, сокини кӯчаи Яккатути ноҳияи Шоҳмансури пойтахт будааст.

Кормандони милитсия зимни санҷиш муайян кардаанд, ки ҳодисаи мазкур шоми 10-уми май, дар кӯчаи Яккатут рух додааст.

“Чуноне аз навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида ва пурсиши шоҳидони ҳодиса ошкор гардид, зимни идораи воситаи нақлиёт дар кӯчаи мазкур, писари ноболиғи худи Камолиддин Расулов дари автомашинаро кушодааст, ки дар натиҷа ба ҷавони зоҳиран маъюб, ки дар роҳи мошингард ба фурӯши ширинӣ машғул буд, бархӯрдааст. Ҳамзамон пас аз эрод гирифтани ҷабрдида, писари ноболиғи номбурда аз автомашина фаромада, ҷавони маъюбро аз назди воситаи нақлиёт дур сохтааст”,- омадааст дар хабари мазкур.

Тибқи огоҳии дарёфтшуда, вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия нисбати ҷиноятпешагон парванда тартиб дода шуда, ба суд фиристода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *