Душанбе: Роҳи нақлиётгард баста мешавад

Бинобар  сабаби гузаронидани   корҳои таъмиру навсозӣ аз ҷониби  Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаргоҳи 1-уми  кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  шурӯъ аз 2  то 30 ноябри соли  равон ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар  ин қитъаи роҳ,  аз бурриши кӯчаи Борбад то бурриши кӯчаи М.Қосимов муваққатан қатъ  мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додаанд,  дар ин муддат ронандагони  воситаҳои нақлиёт метавонанд аз  роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат истифода бурда, талаботи «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ»-ро риоя намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *