Вохӯрии Жириновский бо Раҳмон: Мо аз ҳамкории дуҷониба розӣ ҳастем!

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Қасри миллат     гурӯҳи вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россияро таҳти сарварии Раиси Ҳизби Либерал — Демократии Федератсияи Россия Владимир Жириновский, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла таҳкими робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ, низомиву техникӣ ва илмию фарҳангӣ, ки самтҳои асосии ҳамкории ҷонибҳоро дар доираи шарикии стратегӣ ташкил медиҳанд, изҳори қаноатмандӣ карда, густариши муносибатҳои минбаъдаи байнипарлумониро аз манфиатҳои муштараки ду кишвар  арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки ҳайатҳои парлумонии Россия ва Тоҷикистон дар доираи созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди байнипарлумонӣ, ассамблеяҳои байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷомеаи иқтисодии АвруОсиё ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҳамкории устувор ва фаъол доранд. Барои таҳкиму тавсеаи ҳамкории дуҷониба Комиссияи доимоамалкунандаи байнипалатагии парламентӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия фаъолият дорад.

Дар ҷараёни мулоқот сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, аз ҷумла омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон, ҷалби омӯзгорони русзабон, тайёр кардани мутахассисон дар муассисаҳои олии таълимии Россия ва филиалҳои онҳо дар Душанбе ибрози қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *