Боридани борон ва барф дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф   дар назар аст.   Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, боридани борон ва барф   дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2+3, рӯзона  +4+9  ва дар шарқи ин вилоят шабона -7-12   ва рӯзона -2+3 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок     шуда,  бориши борон ва  барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8  метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5  ва рӯзона  2+7   дараҷа гарм мешавад.

.  Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок   шуда,  боридани борон  ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф  дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона +4+9 ва рӯзона +7+12   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда,  борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ  боридани  барф дар   назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона  ва рӯзона  ба  3+8  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон  дар назар аст.  Ҳарорат  шабона +3+5  ва рӯзона +6+8  дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *