Душанбе соҳиби эстакадаи аввалин шуд

Аввалин эстакада дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президент  ифтитоҳ шуд. Чунин роҳҳои болоиҳам (эстакада) аввалин маротиба дар Тоҷикистон бунёд шудааст.

Дар маросими баҳрабардорӣ аз роҳи сетабақа Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе низ ҳузур дошт. Мақомот мегӯянд, ин роҳ бар асоси меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд шудааст. Роҳи мазкур  мушкили рафтуомади нақлиётро осон карда, тамбашавиро дар ин қисмати шаҳр аз байн мебарад. Бо ифтитоҳи роҳи сетабақа мушкили як бахши сокинони Душанбе ҳалли худро ёфт, ки давоми ду сол аз баста будани роҳ азият мекашиданд.Сохтмони роҳи сетабақа дар шаҳри Душанбе ду сол қабл шуруъ шуда буд. Ин эстакада аз қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанебро дар бар мегирад.Ба гуфтаи мақомот, ин чорсӯи нав аз се сатҳ иборат аст, ки дар буриши хиёбони Нусратуллоҳ Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дувуми ин чорроҳа роҳи давродаврие сохта шудааст, ки тавассути чароғакҳо идора мешавад. Дар сатҳи савум аз самти шарқ ба ғарб пул, ки дарозиаш 125 метр хоҳад буд, мегузарад. Дар ин тарҳ бунёди 4 роҳи зеризаминӣ барои пиёдагардон бунёд гардид.Ин тарҳ дар чаҳорчӯбаи ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ иҷро мешавад. Онро Корпоратсияи роҳҳо ва купрукҳо “Синдзян-Бейсин”-и Чин амалӣ мекунад ва сифати сохтмонро ширкати машваратии «SAI»-и Ҳиндустон назорат менамояд. Ҳадаф аз бунёди ин тарҳ, беҳтар намудани шароити ҳаракат ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва раҳгузарон гуфта шудааст.Бунёди эстакадаи дуюми пойтахт дар маҳаллаи Қараболо ҳам соли ҷорӣ шурӯъ шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *