Дуздхонумҳое,ки 70 000 сомониро рабуданд, дастгир шуданд

Бино ба иттилои ВКД чунин як ҳолати даст задан ба ҷинояти дуздии моликияти шаҳрвандон аз ҷониби ду нафар зан ба вуқӯъ пайваста аст, ки айни замон тафтиши парвандаашон дар Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Кӯрғонтеппа дар ҷараёни тафтишот аст.
Дар асоси аризаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Қодирова Бибигул оиди аз манзили истиқоматияш дуздидани 70 000 сомонӣ аз ҷониби шахсони номаълум, аз ҷониби кормандони милитсия гурӯҳи фавриву ҷустуҷӯӣ таъсис дода шуд, ки дар як муддати кӯтоҳтарин гумонбарони ин ҷиноят дастгир карда шуданд.
Инҳо Исфандиёрова Гулчеҳра, соли таваллудаш 1986, пеш бо модаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 маротиба суд шудааст ва Қодирова Нигина соли таваллудаш 1991, сокинони ноҳияи Вахш мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *