Чархофалаки боғи Рӯдакӣ 10 нафарро маҷрӯҳ кард

Бар асари садама дар яке «аттраксион» ё чархофалакҳои Боғи Нишони Давлатӣ (паҳлӯи Кохи Миллат), беш аз даҳ нафар ҷароҳатҳои мухталиф бардоштаанд. Ин ҳодиса соати 23-и шаби 13 ба 14 июн, рух додааст.

Як масъули Бемористони Қаряи болои Душанбе  гуфтааст, ки шаби гузашта 10 нафарро бо дасту пои шикаста ба ин беморхона оварданд ва ҳоло зери муоинаи табибон қарор доранд. Ба гуфтаи ин масъули бемористони Қаряи боло, шуморе аз маҷрӯҳон аз ноҳияи сар ҷароҳат бардоштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *