Дуздони пулу тилло дастгир шуданд
Бино ба маълумоти ВКД, ба РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзода, муроҷиат намудааст, ки шаби 25-уми августи соли 2017, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, ки арзишашон 10020-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 31 ва 20-солаи сокинони деҳаи Шулеи ноҳияи Рашт бо гумони дуздӣ дастгир карда шуданд.
Ҳамчунин ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор марди 27-солаи сокини деҳаи Муъминободи шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 13-уми феврали соли 2018, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, ки арзишашон 7510-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 25-солаи сокини деҳаи Муъминободро бо ҷурми дуздӣ дастгир намуданд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ