Сокини 9 миллионии Тоҷикистон кай ба дунё меояд?

Дар нимсолаи аввали соли 2018 аҳолии Тоҷикистон ба 9 миллион нафар хоҳад расид. Дар ҳоли ҳозир, бино ба иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, аҳолии кишвар аз 8 миллиону 930 ҳазор нафар иборат аст.

​Абдувалӣ Қулов, роҳбари раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Агентии омор, гуфтааст, ки “шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна то 2,2 дарсад ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад”. Ин мақоми Агентии омор бо назардошти шумораи аҳолии то ин дам ба қайд гирифташуда гуфт, дар соли ҷорӣ аҳолии 9-миллионуми Тоҷикистон ба дунё хоҳад омад. Мушаххасан пешбинӣ кардани онки кай ин тифл ба дунё хоҳад омад, ҳоло душвор аст.«Шумораи аҳолӣ, албатта, аз мизони таваллуд ва фавт вобаста аст, ки қобили пешбинӣ нест. Аммо пас аз семоҳаи аввал, тақрибан мо метавонем гӯем, ки дар кадом рӯзҳо эҳтимоли ба дунё омадани ин тифл вуҷуд дорад», — иброз дошт ӯ.Тоҷикистон аз ҷиҳати суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойи аввал меистад. Ба ҳисоби миёна ҳар як зан дар Тоҷикистон 4 фарзанд ба дунё меорад. Афзоиши босуръати аҳолӣ ҳоло Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои ҷавонтарини дунё табдил додааст. Се миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистон шахсони аз 1 то 14-сола ҳастанд. Нуфусшумории охир дар Тоҷикистон соли 2010 сурат гирифта буд, ки тибқи натиҷаҳои он аҳолии кишвар аз 7 миллиону 417 ҳазор нафар иборат буд. Бар хилофи ақидаи роиҷ дар Тоҷикистон шумораи занон аз мардон дида ҳудуди 100 ҳазор нафар камтар будаанд. Нуфусшумории оянда соли 2020 анҷом хоҳад шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *