“ДЎСТОН” ИНТИЗОРИ МЕҲМОНОН!

Дар оғози соли “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Тоҷикистон дар соҳили рости шаҳри Хуҷанд як маркази фароғатӣ ва маишӣ бо номи “Дӯстон” дарҳои худро боз кард ва интизори меҳмонони дохили ва сайёҳони хориҷӣ мебошад. Қаҳвахона дорои зиёда аз 60 ҷойи нишаст буда, тамоми рўзҳои ҳафта аз соати 10:00 то 23:00 дар хизмати мардум аст.

Дар қаҳвахона ҳамарўза хўрокҳои миллӣ ва аврупоӣ ба монанди шўрбо, қаъзи шўрбо, гўшти шарқона, якчанд намудҳои сихкабоб, аз ҷумла “Сихкабоби дўстон”, стейк бо номи “Дўстон” ва дигар аз тарафи ошпазони бомаҳорат ва ботаҷриба тайёр карда, пешкаши меҳмонон мегардад. Қаҳвахонаи мазкур дар маҳаллаи 12-уми шаҳр, дар паҳлўи мағозаи “Зам-зам” ҷойгир шуда, аз тарафи соҳибкори ҷавон-Дониёр Абдухалилов ташкил карда шудааст. Инчунин, дар қаҳвахона меҳмонон метавонанд ҳамарўза аз шунидани сурудҳои зинда ҳаловат баранд ва рақсу бозm кунанд. Қаҳвахона дорои тамоми шароити замонавӣ буда, дар он ҷиҳатҳои беҳтарини кафею ресторанҳои аврупоӣ ва ошхонаҳои миллии шарқона омехта карда шудааст, ки ба меҳмонони хориҷа низ хеле писанд хоҳад шуд.

                                                                                 Холбибӣ Эшонбобоева

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *