Кӯлоб: Хадамоти алоқаро ғорат карданд

Ҳафтаи гузашта рӯзи шанбе, аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии ВКД дар Кӯлоб сокини ҳамин шаҳр Сафаралӣ Ҳалимовро ба гумони даст доштан дар дуздии пулҳо аз филиали «Тоҷиктелеком» боздошт гардидааст.

Бино ба иттилои рассонаҳо, ҳанӯз тобистон роҳбари филиал Каромат Саъдулло ба Шуъбаи ВКД бо ариза муроҷиат намуда, изҳор дошта буд, ки охири моҳи августи соли 2017 шахсе ба бинои филиал ворид шуда, аз сейф 148 ҳазор сомониро дуздидааст. Дуздӣ дар давоми рӯзи корӣ сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки Ҳалимови 49-сола қаблан дар ин филиал кор мекардааст, вале дар замони дуздӣ Ҳалимов аллакай кор намекардааст.

 Сафаралӣ Ҳалимовро вақте дар ҳолати мастӣ ронандагӣ мекард кормандони БДА нигоҳмедоранд ва номбурда ба онҳопора ба маблағи  10 ҳазор сомонӣ пешниҳод мекунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *