Қурбонзода доктори илмҳои иқтисодӣ шуд
Маҳмадалӣ Қурбонзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соҳиби унвони доктори илмҳои иқтисодӣ гардид.
Тавре ки аз раёсати ин муассисаи олӣ ба Pressa.tj хабар доданд, 29-уми сентябри соли равон дар Шӯрои диссертатсиони 6D.KOA-014-и назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Маҳмадалӣ Қурбонзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи “Такмили механизми ташаккул ва рушди сохторҳои кооператсионӣ-ҳамгироӣ дар зеркомплекси пахта (дар асоси маводи Ҷумҳурии Тоҷикистон)” рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаи доктори илмҳои иқтисодӣ ҳимоя намуд.
Маҳмадалӣ Қурбонзода аз моҳи ноябри соли 2020 инҷониб вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бар зимма дорад. Ӯ дар ин мақом Ҳамидуллохон Фақеровро иваз кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ