ДДТТ дар барномаи “Capacity Building” иштирок кард

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар барномаи Эразмус + КА2 (Capacity Building) фаъолона ширкат варзид. Ин барномаи байналмилалӣ буда, дар он асосан муассисаҳои олии пешқадам шомиланд.

Дар ин бора ректори ин таълимгоҳи олӣ Маҳмадалӣ Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Таъкид гардид, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ ин татбиқи лоиҳаҳо ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омӯхтани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ва ба ин васила омода намудани мутахассисиони варзида дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Бо ин мақсад, донишгоҳ дар доираи барномаи “Capacity Building”, яъне рушди иқтидори донишгоҳ фаъолона ширкат варзида истодааст. Айнӣ ҳол дар доираи барномаи MIETS -“Таҳияи барномаи магистрии идоракунии соҳибкории саноатӣ барои кишварҳои иқтисодиёташон дар давраи гузариш қарордошта” амалӣ шуда истодааст.

Мақсади асосии лоиҳаи мазкур сайқал додани маҳорату малакаи забономӯзии омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Дар доираи ин лоиҳаҳо донишгоҳҳо аз Испания, Италия, Словения, Туркманистон ва Қазоқистон низ ҷалб гардидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *