$1 миллиард аз куҷо? Талоши Ӯзбекистон барои бозори Тоҷикистон

Интизор меравад, ки  рӯзҳои 10 — 11 июни соли равон сафари Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон сурат гирад. Ин ташрифи Сарвари давлати Ӯзбекистон  дар ҳолест, ки ҷонибҳо талош доранд, гардиши тиҷоратро ояндаи наздик ба 1 миллиард долллар расонанд.

Пеш аз сафари  Мирзиёв

Пеш аз оғози сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, намояндагони бонуфузи тиҷорати Ӯзбекистон ба Душанбе омаданд. Онҳо, ки тақрибан 150 нафарро аз 13 минтақа, ба монанди Самарқанд, Сирдарё, Бухоро, Намангон,  Қароқалпоқистон,  Фарғона, Хоразм, Андиҷон, Ҷиззах, Қашқадарё, Навоӣ, Тошканд ва шаҳри Тошканд фаро мегирифтанд,  дар ҳамоиши тиҷоратӣ масоили ҳамкориҳоро бо ҳамтоёни тоҷики худ баррасаӣ карданд. Ба ҳайати Ӯзбекистон дар радифи соҳибкорон, ҳамзамон,  намояндагони ҳукуматҳои шаҳрҳо ва вилоятҳои Ӯзбекистон шомил будаанд. Ҷониби Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ беш аз 100 нафар намояндаи доираҳои тиҷоратӣ ва вазорату идораҳои манфиатдори Тоҷикистон намояндагӣ карданд. Доираҳои тиҷоратии ду кишвар имкониятҳои тавсеаи тиҷорати мутақобила, ташкили интиқоли маҳсулоти гуногун ба бозорҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо иштироки сармояи хусусиро дар соҳаҳои хӯрокворӣ, бофандагӣ, кимиёвӣ, кишоварзӣ, чарм ва пойафзол, саноати электротехникӣ, технологияҳо ва таҷҳизоти саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра баррасӣ намудаанд. Таъкид мегардад, ки дар ҳошияи ин гуфтугузор соҳибкорони ду кишвар зери қарордоду созишномаҳо дар бораи таҳвили молу хизматгузориҳо имзо гузоштанд.

Нақлиёти  рӯизаминӣ барқарор мешавад

Ҳоло дар ҳошияи сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон интизор аст, ки байни шаҳрҳои ду кишвар рафтуомади автобусҳо барқарор гардад. Дар ин росто, дар Душанбе  5 июн вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини сарвазир – вазири сармоягузорӣ ва савдои берунаи Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов доир шуд. Барқарор  кардани равуои автобусҳо байни шаҳрҳои Тошканду Самарқанд, Термиз, Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мавзӯи суҳбати ҷонибҳо будааст.  Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, инчунин, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ,  шарикии ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори  назар карданд.

Зимни ин сафар вохӯрии Сардор Умурзоқов бо вазири рушди иқтисод ва савдои  Тоҷикистон Завқизода Завқӣ ва вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо  то ба 1 млрд. доллар расондани гардиши савдои дуҷониба, зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ барои рушди содирот ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи Ӯзбекистон ба мувофиқа расиданд. Гуфта мешавад. ки дар моҳҳои январ-апрели соли 2021 гардиши савдои дуҷониба 30 фоиз афзоиш ёфта, ба 133 млн. доллар баробар гардид.

Сармояи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон

Аз рӯи маълумоти оморӣ, айни замон  дар Ӯзбекистон наздик ба 180 ширкат аз Тоҷикистон бо сармояи худ кор мекунанд. Таҳлилгарон берун рафтани сармояро аз ҷумҳурӣ ба сарбории зиёди андоз дар Тоҷикистон марбут медиҳанд. Аммо дар маълумоти Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон гуфта мешавад, ки ин кишвар  ҳамеша ҷонибдори таъсиси минтақаи комили савдо дар доираи ИДМ аст. “Ин дар навбати худ, омили муҳими таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии ИДМ мебошад”, — омадааст дар маълумот. Аз   корхонаҳои  сармоягузории мустақими Тоҷикистон 103-тоаш тиҷорати муштарак бо соҳибкорони ӯзбек буда, 75 корхона бо сармояи пурраи тоҷирони тоҷик фаъолият доранд.

Пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон борҳо аз гаронии низоми андозбандӣ изҳори нигаронӣ карда мешавад.  Аз ин рӯ, аксарият тиҷоратро дар ин ҷо қатъ намуда, ба кишварҳои ҳамсоя, ки шароити бештар фароҳам аст, интиқол медиҳанд. Ҳатто, то ҳол соҳибкорони кишвар маҷбуранд, ки қисмати зиёди даромади худро пинҳон кунанд.  Дар натиҷа буҷети кишвар аз воридшавии маблағи муайян аз пардохти андоз маҳрум мешавад. Ин дар ҳолест, ки  сабуксозии сарбории андоз ба афзоиши босуръати соҳибкорон ва даромад ба буҷет мусоидат хоҳад кард.

 Рустам Қудратов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор ва вакили парлумон дар мавриди берун рафтани сармояи дохилӣ мегӯяд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳам талош дорад, ки соҳибкоронро дастгирӣ намояд. Тоҷикистон ҳам дар баробари Ӯзбекистон имкон дорад, ки мавқеи бозорашро дар қаламрави Осиёи Марказӣ мустаҳкам созад.

“Ҳоло дар Тоҷикистон бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва воридотивазкунанда, аз қабили семент, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ рӯ ба афзоиш аст. Роҳҳои кишвар низ  таҷдид шуда истодаанд. Умуман, 25-30 фоизи маҳсулоте, ки дар соҳаи кишоварзӣ истеҳсол мешавад, талафот меёбад. Зеро имконияти нигоҳ доштан нест. Агар мо сардхона ва гармхонаҳоро барқарору бештар кунем, метавонем маҳсулоти кишоварзиро зиёд содирот  намоем.  Барои ин, пеш аз ҳама  бозори Ӯзбекистон барои мо  мувофиқ аст. Ҳоло талоши Ҳукумати кишвар низ барои бунёди корхонаҳои минтақавӣ, истеҳсол ва содироти  маҳсулоти содиротӣ зиёд  аст. Дар нақша аст, ки  технопаркҳои истеҳсолӣ ва саноатӣ ташкил гардида, бо онҳо имтиёз дода шавад. Яъне,  онҳо дар доираи режими муайян фаъолият мекунанд. Дар он ҷо имтиёзҳои андозӣ, гумрукӣ ва дигар сабукӣ пешбинӣ мегардад. Айни замон мо-  гурӯҳи вакилони  парлумон  дар якҷогӣ бо масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нав лоиҳаҳоро омода карда истодаем,  ба Хукумат  пешниҳод мекунем. Бубинед, ки  чандин коргоҳу корхонаҳо  дар минтақаҳои Тоҷикистон кушода шудаанд, аммо дар як муддати кутоҳ боз фаъолияташонро қатъ карданд. Бинобар сабаби гаронии  андоз, боҷи гумрукӣ, набудани дастгирӣ аз тарафи мақомоти дахлдор онҳо аз кор мондаанд”,-мегӯяд Рустам Қудратов.

Талоши Ӯзбекистон барои бозори ОМ

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки Ӯзбекистон барои мустаҳкам намудани мавқеи худ дар бозори Осиёи Марказӣ, аз ҷумла  Тоҷикистон кӯшишҳои зиёд мекунад.  Ҳукумати Ӯзбекистон дар бораи то 50% ҷуброни хароҷот ба нақлиёти ширкатҳои содиркунандаи маҳсулот қарор қабул кардааст. Ҳукумати ин кишвар номгӯйи маҳсулотеро тасдиқ кард, ки ҳангоми содирот қисме аз хароҷот ба интиқоли он тариқи нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавойӣ ҷуброн мешавад. Дар ин номгӯй тухм, паранда ва маҳсулот аз он, меваҳои тару тоза ва хушкшуда, сабзавот, маводи доруворӣ, техникаи маишӣ, маҳсулоти дӯзандагӣ, бофандагӣ, пойафзол ва дигар молу маҳсулот зикр шудааст.

Ҳамчунин, шурӯъ аз соли 2021 ҳамасола дар   буҷет барои ширкатҳо маблағҳои зарурӣ пешбинӣ мешаванд. Агар ширкат барои содироти маҳсулот  маблағ сарф кунад, давлат як қисми хароҷоти онро  бармегардонад. Яъне, ҳадаф интиқоли бештар маҳсулот ба кишварҳои хориҷ, аз ҷумла Тоҷикистон аст. Нигаред, ба маълумоти омор.  Дар  семоҳаи аввали соли 2020 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон наздики 69,5 млн долларро ташкил дода буд, ки  беш аз 52 млн доллар ба воридоти маҳсулот аз Ӯзбекистон рост меоомад. 

Пӯшида нест, ки  Ӯзбекистон ба Тоҷикистон номгӯйи васеи техникаи маишӣ, сарулибос, пойафзол, маҳсулоти кишоварзӣ ворид карда, аз кишвари мо барқ, масолеҳи сохтмонро мегирад. Вале ба андешаи  коршиносон, ҳоло Ӯзбекистон мавқеашро дар бозори ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла, Тоҷикистон боз ҳам фаъолтар карда  истодааст. Албатта, ин хуб аст ва рақобатро байни соҳибкорони ду кишвар зиёд мекунад. Аммо бозор, агар озод, нарх барои мардум дастрас ва ҳеҷ гуна садде набошад.

Усмон Раҳимзода, “Тоҷикистон”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!
  1. Одам 11.06.2021 06:42

    Хело хуб навиштаед, диққат ҷалбкунанда, вале таҳлили гуфтаҳои Шумо барон меорад, ки боқимонда корхонаҳо , ширкатҳою соҳибкорони маҳалли, аз рақобат бо ҳамсоягон, ки аллакай шикастагиҳо дорананду бо сармояашон ба давлатҳои дигар рафтанро бояду шояд, ваë аз маҷбуршудан пеша мекунанд.
    О Шумо менависед, ки барои тоҷирону соҳибкорону, кишоварзону ва ғайра агар имтиëз ваë андози гарданшикан набошад, пешравии ҷомеаю давлатаст, пас чаро ҳамаро дидаю дониста, касе ба ин муаммои миëншикани болоравии нархҳою беназорати нисбати истеҳсолгарони Ватанию набудани рақобати солимро ба назар намегирад!!!
    Ин давлатро Мову Шумо ободу зебо насозем, ягон ҳамсоя бароямон намесозад!!!
    Ба соҳибкор агар шароит фароҳам ори, худ бозору молро пайдо ва ба танзим медарорад!!!
    Истеҳсолу боҷу андозу буҷҷаи давлатро касе сарфи назар намекунад, агар одилона бошад!!!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.