Ҳаҷми нафақа то 13 дарсад боло бурда мешавад

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон тағйироти қонун дар бораи таъмини иҷтимоиро имзо кард, ки тибқи он нафақапулӣ марҳила ба марҳила боло бурда мешавад. Тағйироти охир ҳамчунин ёрии якдафъаинаро барои таваллуди кӯдак пешбинӣ кардааст.
Сар аз 1 июли соли ҷорӣ ҳаҷми нафақа то 13 дарсад боло бурда мешавад. «Ҳаҷми нафақаи ҳадди ақал наздики 125 долларро ташкил медиҳад. Ин ба ҳамаи нафақахӯрон дахл хоҳад дошт», — гуфт вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон Тамара Дуйсенова.

Мақомоти Қазоқистон ҳанӯз соли гузашта тасмим доштанд, ки ҳаҷми нафақаро боло баранд. Вале дар пасманзари муфлис шудани бонки хориҷӣ, ки дар он наздики 225 миллион доллари Бунёди ягонаи нафақаи Қазоқистон сармоягузорӣ шуда буд, ин тасмим амалӣ нагардид. Тибқи қонунгузорӣ, 10 дарсади маоши шаҳрвандони Қазоқистон ба Бунёди ягонаи нафақа интиқол дода мешавад.

Дар ин кишвар, тибқи омор, бештар аз ду миллион нафақахӯр мавҷуд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *