БАР ба Тоҷикистон 50 миллион доллар медиҳад, барои чӣ?

Тоҷикистон аз Бонки Авруосиёии Рушд 50 миллион доллар қарз мегирад. Ин маблағ бо ҳадафи коҳиши паёмадҳои пандемияи COVID-19 ва дастгири будҷаи давлатӣ гирифта мешавад.

Вакилони Маҷлиси намояндагон кишвар 8-уми октябр аз лоиҳаи созишномаи қарзӣ миёни Тоҷикистону Бонки Авруосиёии Рушд ҷонибдорӣ намуданд.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ҳангоми муаррифии созишнома гуфт, ин қарз имтиёзнок буда, мӯҳлати баргардонидани он 20 солро дарбар мегирад.

Ба гуфтаи Қаҳҳорзода, 50 миллион доллар қарзи имтиёзнок барои пӯшонидани касри будҷа, дастгирии будҷаи давлатӣ дар шароити пандемияи COVID-19 ва коҳиши оқибатҳои манфии ин беморӣ ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ истифода хоҳад шуд.

Вазири молия мегӯяд, чунин қарзи имтиёзнок дар шароити мушкили иқтисодӣ-молиявии ҷаҳон, ки бо сар задани бемории СOVID-19 ба миён омадааст, барои ҳалли мушкилоти молиявии давлат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *