Доллар зери болишт.Шарҳи раиси Бонки миллӣ ва “Амонатбонк”

Тафаккури як идда дар сатҳест, ки мепиндоранд асъори хориҷӣ, аз ҷумла, долллари ИМА бояд мисли дигар молу маҳсулот дар фурӯшгоҳҳо ба фурӯш гузошта шавад. Ин ашхос дарк намекунанд, ки дастрасӣ ба асъори хориҷӣ махсусиятҳои худро дошта, дар ҳама мамлакатҳои олам вобаста ба ин масъала дар асоси муқаррароти қонунгузорӣ  баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ шудааст.

Кишвари мо низ дар ин раванд истисно нест. Дар моддаи 286  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки “Додугирифти ғайриқонунӣ бо  асъори хориҷӣ” ном дорад, муқаррар шудааст, ки барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи харидан, фурўхтан, фурўш, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситаҳои пардохт, агар дар давоми сол баъд аз додани ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба  маблағи аз дусад то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё  маҳрум сохтан аз озодӣ ба  муҳлати  аз шаш моҳ то як сол  ҷазо дода мешавад.

Тибқи талаботи қисми дуюми моддаи мавриди назар, агар арзиши ашёи муомилот ё амалиёти ғайриқонунӣ аз панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад, ашхоси гунаҳкор аз ҳафтсаду сӣ то як ҳазору наваду панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ва  ба  муҳлати аз чор то шаш сол аз  озодӣ маҳрум мегарданд.

Бино ба гуфти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, қаблан талабот ба доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон дар як рӯз 25 миллионро ташкил медод. Он вақт ташкилотҳои қарзии мамлакат ҳар рӯз то 15 миллион доллари ИМА-ро ба шаҳрвандон дастрас мекарданд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда вобаста ба дедолларизатсия (коҳиш додани истифодаи доллари ИМА)   ин нишондиҳанда тамоюли коҳишёбиро касб намуда,  ба 4 миллион доллари ИМА расид.

Аз раиси Бонки миллӣ дар бобати корҳои вобаста ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пурсон шудам. Лозим ба ёдоварист, ки тибқи фармони мазкур, Бонки миллӣ вазифадор аст мубодилаи асъори хориҷиро ба субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ки ба воридоти молҳои ниёзи аввалия, аз ҷумла, дорувории тиббӣ, ғалла, орд, равғани растанӣ, шакар ва сӯзишворӣ машғуланд, инчунин барои иҷрои уҳдадориҳои молиявии давлатӣ нигаронида шудаанд, бо афзалият таъмин намояд.

Аз посухи Ҷамшед Нурмаҳмадзода бармеояд, ки дар ин самт иқдомоти зиёд амалӣ шуда, ба субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ки ба воридоти молҳои ниёзи аввалия, аз ҷумла, дорувории тиббӣ, ғалла, орд, равғани растанӣ, шакар ва сӯзишворӣ машғуланд 104 миллион доллари ИМА дастрас шуд.

-Ин масъала минбаъд мадди назар қарор гирифта, субъектҳои зикршуда аз асъори хориҷӣ танқисӣ нахоҳанд кашид,- муътақид аст раиси Бонки миллӣ.

Раиси Раёсати БДАТ “Амонатбонк”  Сироҷиддин Икромӣ низ  ба таъмин будани субъектҳои дахлдор бо асъори хориҷӣ исрор меварзад.

— Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки новобаста аз баланд будани сатҳи долларикунонӣ дар иқтисодиёт, вобастагӣ аз интиқоли пул ва сабабҳои дигар талаботи муштариён бо асъори хориҷӣ қонеъ гардида истодааст. Он субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ки ба воридоти молҳои ниёзи аввалия машғуланду фаъолияташон дар доираи талаботи мавҷуда роҳандозӣ гардидааст, дар самти дастрасӣ ба асъори хориҷӣ  аз БДАТ “Амонатбонк”  ба ягон мушкилӣ мувоҷеҳ нестанд. Вале бояд мадди назар дошт, ки “рисолат”- и доллари ИМА  “хобидан”дар зери болишт нест. Мутаассифона, аксарият бо чунин мақсад барои дастрасӣ ба  асъори ҷаҳду талош доранд, -афзуд номбурда.  

Раиси раёсати “Амонатбонк” аз он изҳори нигаронӣ кард, ки аз ҷониби ашхоси манфиатдор баъзе шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, донишҷуёни муасссисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дастрасӣ ба доллари ИМА “ҷалб” мешаванд.

-Ҳол он ки мантиқан шаҳрвандони хориҷӣ бояд асъори хориҷиро иваз кунанд, на баръакс,- гуфт Сироҷиддин Икромӣ.  

Далелҳо аз он ҳокианд, ки баҳри тақвият додани раванди дедолларизатсия   роҳбарияти Бонки миллӣ азми қавӣ доранд.  

— Мавҷудияти барномаҳо бо Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ имкон медиҳад, ки бештар захираҳои молиявиро бо асъори хориҷӣ барои тавозуни пардохт ва дастгирии буҷети давлатӣ ҷалб намоем. Барои мисол, дар моҳҳои охир 300 миллион доллари ИМА ҷалб гардид ва  харҷи он ба соҳаҳои дахлдор низ то андозае  талабот ба асъор хориҷиро қонеъ месозад,- мутмаин аст Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Пайгирии масъала собит намуд, ки назарҳо оид ба камчин шудани доллари ИМА дар мамлакат, ки боиси нигаронии шаҳрвандон гаштааст, яксон нест. Мутаассифона, доир ба ин масъала аксарият бидуни далел ва дар такя ба андешаҳои бепоя ибрози назар менамоянд. Қисмати зиёди шаҳрвандон чунин мепиндоранд, ки муҷрими ягонаву асосӣ низоми бонкии мамлакат аст. Аммо далелҳо собит месозанд, ки ин «хулоса» комилан ғалат ва маҳсули тахайюли ашхоси аз нозукиҳои бахши иқтисод бехабар мебошад.

 Қабл аз ҳама бояд гуфт, ки сабаби асосии норасоии асъор дар бозори дохилӣ фарқ байни воридоту содироти мол ва хизматрасониҳои байналмилалӣ мебошад, ки тақрибан се баробар аст. Аксарият дар мавриди шарҳи сабабҳои камчин шудани доллари ИМА ба ҳарзагӯӣ машғуланд ва сабабҳои аслӣ — таъсири зуҳур ва паҳншавии бемори каронавирус, зиёдшавии бақияи манфии тавозуни савдои ҷумҳурӣ (зиёд будани ҳаҷми воридот аз содирот), коҳишёбии аз эътидол беруни қурби рубли русӣ, баландшавии қурби доллари ИМА нисбат ба асъори миллӣ вобаста ба сиёсати низоми захиравии федералии ИМА, ноустувории вазъи геосиёсии иқтисодӣ дар ҷаҳон ва таъсири он ба иқтисодиёт ва асъори миллии кишварҳои шарикони асосии тиҷоратиро нодида мегиранд.

Шаҳрвандон бояд донанд, ки вуруди асъори хориҷиро ба василаи вусъат бахшидани истеҳсолот, танҳо бо асъори миллӣ амалӣ намудани муомилот, густариши хизматрасониҳо ба сайёҳон метавон зиёд кард. Бо ибтикори Пешвои миллат  дар ин ҷода амалӣ гардидани иқдомоти зиёд моро ба дурнамои неки раванди мавриди назар дилпур месозад.

Далер Мерганов,  

журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *