Хатлон ҳанӯз ҳам 10 миллион қарзи музди меҳнат дорад

Соҳаи саноат дар вилояти Хатлон беш аз 10 миллиону 200 ҳазор сомонӣ қарзи музди меҳнат доштааст. Ин қарзҳо асосан ба корхонаҳои ғайрибуҷетӣ тааллуқ доранд.   

 Ҳамза Бобозода, сардори Раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон имрӯз 5 феврали сори ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз ҳама бештар қарздории музди меҳнат ба ҶСК “Тоҷик азот”-шаҳри Левакант таалуқ дорад. Ин корхона беш аз 5 миллиону 860 ҳазор сомонӣ қарзи музди меҳнат дорад.

Ҳамчунин ҶДММ “Талко кемикал”, “Бохтаргаз” ва ҶСШК “Тоҷикхипром” ба руйхати корхонаҳои қарздор аз музди меҳнат ворид шудаанд. Дар умум беш аз 93 дарсади қарздории музди меҳнат ба соҳаи саноат рост меояд.  Зикр шуд, ки ба ҷуз ин соҳаи коммунналӣ, беҳдошт ва обёрӣ, алоқа ва хоҷагии қишлоқ қарзи музди меҳнат доштааст.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *