Интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ИДМ осон шуд

Бонкҳои Русия амалиёти интиқоли пул ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ-ро содда  карданд. Аллакай бисёре аз танзимгарон амалиёти интиқоли маблағро ба хориҷа тавассути рақами телефон оғоз намуданд.

Тавре расонаҳои Русия менависанд, айни замон ин хизматрасонӣ барои муштариёни «Сбера» ва «Тинкофф» дастрас аст. Дар соли 2022  «Юнистрим», МКБ и «Дом.рф» низ мехоҳанд онро амалӣ кунанд.

«Тинкофф» гуфтааст, ки тавассути рақами телефон танҳо бо пули русӣ маблағ ба кишвари дигар интиқол додан мумкин аст. Барои як амалиёт бонк фиристодани на бештар аз150 ҳазор рублро иҷозат медиҳад. Дар як моҳ зиёда аз якуним миллионро интиқол додан мумкин нест.

Дафтари матбуоти бонк афзудааст, ки бо ин роҳ танҳо ба Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон интиқоли маблағ имконпазир аст.

Дар навбати худ, «Сбербанк» тавассути рақами телефон ба кишварҳои зикршуда, инчунин, ба Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Молдова ва Қазоқистон пул интиқол дода метавонад.

Бино бар навиштаи «Известия», танҳо дар моҳи августи соли 2021 ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба хориҷа ба 893 миллион доллар баробар шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.