Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

сохтмони нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистону Қирғизистон ниёзҳои энергетикии ОМ-ро бароварда месозад

Иҷрои тарҳҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Қирғизистон ва Тоҷикистон метавонад ниёзҳои энергетикии Осиёи Марказиро (ОМ) таъмин ва барои рушди устувори минтақа шароити мусоид фароҳам кунанд.

Ин нуктаро Эрлан Абдилдаев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон зимни суханрониаш дар ҷаласаи Маҷмааи умумии СММ баён доштааст.

«Имрӯз Осиёи Марказӣ барои гузариш ба нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза имкониятҳои фаровон дорад», — афзудааст ӯ. Ба гуфтаи Абдилдаев, кишварҳои ОМ бояд ба фаҳмиши умумии моҳияти истифодаи маҷмуи захираҳои обию энергетикии минтақа бирасанд.

Абдилдаев дар робита ба экология изҳор доштааст, ки болоравии ҳарорати ҷаҳон ба ҳолатҳои фавқулода, ларзиши дарёҳои пуроби куҳӣ, обшавии пиряхҳо ва заволи экосистеми нодири куҳӣ сабаб шуда, оқибатҳои манфии иҷтимоиро дар пай хоҳад дошт.

«Бар пояи арзёбиҳо, то соли 2025 маҷмуи масоҳати пиряхҳо дар Қирғизистон то 30-40% коҳиш хоҳад ёфт», — қайд кардааст вай. Аз ин рӯ, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон даъват кардааст, ки дар кишварҳои болооб лоиҳаҳои муштарак иҷро карда шаванд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.