Туркманҳо аз камбуди орд ранҷ мекашанд

Дар бештари минтақаҳои Туркманистон мардум ба камбуди орд мувоҷеҳ шудаанд. Аз ҷумла, дар чанд ноҳияи вилояти Мавр тӯли се ҳафтаи ахир орд дар бозор камчин шудааст.

Дар бештари минтақаҳои Туркманистон мардум ба камбуди орд мувоҷеҳ шудаанд.  Аз ҷумла, дар чанд ноҳияи вилояти Мавр тӯли се ҳафтаи ахир орд дар бозор камчин шудааст.

«Хроника Туркменистана» дар 18 апрел хабар дод, ки сокинони ноҳияҳои Байрамалӣ, Гарагум, Йолотен, Сакар-чэге ва ғайра тавонистанд, ки меъёри моҳи мартро миёнаҳои моҳи апрел харидорӣ кунанд.

Бархе аз сарчашмаҳо мегӯянд, камбуди орд ба ирсоли кумакҳои башарӣ ба Афғонистон рабт дорад, ки аз обхезиҳо зиён дидааст.

«Маҳсулот, аз ҷумла орд, ба Афғонистон ирсол мешавад. Пештар кумакҳо аз ҳисоби захираи давлатӣ фиристода мешуданд, аммо ҳоло аз ҳисоби он захираҳое фиристода мешаванд, ки барои таъмини аҳолӣ пешбинӣ шудаанд. Норасоии орд дар Марӣ маҳз ба ирсоли кумакҳо ба Афғонистон рабт дорад», — гуфт як манбаъ аз вазорати мудофиаи Туркманистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *