Елена Вартанова: Бо факултаҳои журналистикаи Тоҷикистон омодаи ҳамкорием!

Номи Елена Вартанова барои донишҷӯёни факултаҳои журналистика ва муҳаққиқони соҳаи ВАО ошно аст. Замоне ки мо донишҷӯйи факултаи журналистикаи ДМТ будем, устодон китобҳои зиёди тахассусиро барои хондан тавсия медоданд. Дар қатори онҳо китобҳои ин муҳаққиқ низ буданд: “Отечественная теория медиа. Основные понятия”, “Теория медиа. Отечественный дискурс”, “От теории журналистики к теории медиа” ва ғайра.

Нигаронии Вартанова

Бо Елена Вартанова чанде пеш дар сеюмин Форуми кишварҳои аъзои ИДМ таҳти унвони «Рушди ВАО дар ҷаҳони тағйирёбанда», ки дар шаҳри Москва баргузор шуд, дидору суҳбат доштем. Ин форум намояндагони расонаҳои 9 кишвари аъзои ИДМ-ро ба ҳам оварда буд ва мушкилоту дурнамои рушди васоити ахбори оммаро дар ҷаҳони муосир баррасӣ карданд.

Елена Леонидовна изҳори таассуф кард, ки ҳоло ҳамкорӣ байни факултаҳои журналистикаи Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносов нест.

“Мутаассифона, байни факултетҳои журналистикаи Донишгоҳи давлатии Москва ва Тоҷикистон робитаи ҳамкорӣ вуҷуд надорад. Ҳарчанд, ки мо пайваста дар форматҳои гуногун ҳамоишҳои илмӣ доир мекунем ва агар аз ҷониби Тоҷикистон низ ҳамкасбон иштирок кунанд, мо хушҳол хоҳем шуд. Зеро назари онҳо низ барои мо муҳим аст, то ба рушди журналистикаи муосир таъсир расонанд. Ҳамчунин, омода ҳастем, ки бо факултетҳои журналистикаи Тоҷикистон шартномаҳои ҳамкорӣ имзо кунем. Зеро дар шароити имрӯз, ки технология рушд дорад, ягон мушкилот нест. Интернет моро метавонад бипайвандад”,- изҳор дошт номбурда.

Ба таъкиди Елена Леонидовна, ҳоло факултаи журналистикаи ДДМ ба номи М. Ломоносов бо кишварҳои дигар ҳамкорӣ дорад. Тариқи онлайн ҳамоишҳои илмии якҷоя доир карда мешаванд ва мушкилоту дурнамои журналистика муайян мегарданд.  

Ба суоли “Оё айни замон аз Тоҷикистон дар факултаи журналистикаи ДДМ ягон донишҷӯ таҳсил дорад?”, “ҳоло не, аммо қаблан буданд. Барои ин имкониятҳо зиёданд ва бояд роҳҳои муассирро ҷустуҷӯ кард”,- гуфт Елена Леонидовна.

Елена Леонидовна таъсиси марказҳои амалияи журналистика дар назди идораи расонаҳои бонуфуз, студияҳои таълимӣ-амалӣ дар факултаҳоро муҳим медонад.

“Қаблан дар назди идораи рӯзномаҳо мактабҳои амалияи журналистика фаъолият мекарданд. Беҳтарин журналистон маҳз аз  ҳамин мактабҳои журналистӣ мебаромаданд. Ҳоло мо барои тақвияти чунин мактабҳо дар назди факултет студияҳои амалӣ боз кардаем. Ба студияи мо соҳибрасонаҳо, журналистони касбӣ меоянд, дарсҳои амалӣ мегузаранд. Бо иштироки онҳо семинар баргузор мекунем, таҷрибаи худро ба журналистони оянда меомӯзонанд. Ин хеле муфид аст ва натиҷаи хуб медиҳад”,- таъкид дошт декани факултаи журналистикаи ДДМ ба номи Михаил Ломоносов Елена Вартанова.

Як ташаббуси муҳими Елена Вартанова

Айни замон Елена Леонидовна доктори илмҳои филологӣ, профессор аст. Ӯ 65 сол дорад ва наздики 17 сол аст, ки декании факултаи журналистикаи ДДМ ба номи М. В. Ломоносовро бар зимма дорад.  Номбурда худ низ хатмкардаи факултаи журналистикаи ДДМ ба номи М. В. Ломоносов аст. Соли 1982 рисолаи номзадӣ ва соли 1999 рисолаи докториро дар соҳаи журналистика ҳимоя кардааст. Ӯ ташаббускори таъсиси кафедраи назария ва иқтисодиёти ВАО дар факултаи журналистикаи ДДМ мебошад. Соли 2004 коршиносон ва муҳаққиқони беҳтаринро дар соҳаи иқтисоди ВАО ҷамъоварӣ карда, ин кафедраро таъсис додааст. Оид ба мушкилоти иқтисодиёти ВАО, системаҳои медиаи кишварҳои ҷаҳон, назарияи журналистика ва ВАО тадқиқот андом додааст. Елена Вартанова дар курсҳои асосҳои журналистика, иқтисодиёти ВАО, консепсияи иқтисодиёти ВАО, назарияҳои муосири ВАО лексияҳо мехонад. Муаллифи даҳҳо китоб бо забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад. Мақолаҳояш дар зиёда аз 200 нашрияҳои илмии Русия ва хориҷӣ чоп шудаанд. Узви чандин шӯроҳои давлативу ҷамъиятӣ ва илмӣ мебошад.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *