Эъломияи муштараки вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ
Кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши муҳими нақлиёт ва логистикаро ҳамчун асос барои пешбурди тиҷорати байналмилалӣ, равнақи иқтисодиёт ва рушди устувор махсус таъкид кардаанд.
Дар ин бора дар Изҳороти муштарак, ки имрӯз аз рӯи натиҷаҳои Нишасти аввалини вазирони нақлиёти кишварҳои минтақа қабул шуд, сухан меравад.
Дар Нишаст, ки таҳти раёсати вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор гардид, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон Марат Карабаев, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Илҳом Маҳқамов ва директори Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони Вазирони Туркманистон Мамметхон Чакиев иштирок ва суханронӣ кардаанд.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим вазирон ва ҳайатҳои кишварҳои минтақаро аз номи Ҳукумати Тоҷикистон шодбош гуфта, изҳор доштааст, ки нахустин Вохӯрии вазирони нақлиёт, ки тибқи банди 12-и Харитаи Роҳ оид ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ барои солҳои 2022-2024, ки аз ҷониби сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ тасдиқ шудааст, доир мешавад ва яке аз чорабиниҳои мувозӣ мебошад, ки Тоҷикистон дар доираи раисӣ дар маҷмуи Мулоқотҳои машваратии сарони Давлатҳои Осиеи Марказӣ баргузор менамояд.
Бино ба гуфтаи ӯ, робитаҳои байналмилалии нақлиётӣ ва ташаккули гузаргоҳҳои транзитӣ яке аз мавзуҳои мубрами рушди устувор буда, ба тамоюлҳои асосии рушди иқтисоди ҷаҳонии муосир ба таври органикӣ мувофиқат мекунад.
“Рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ, ҳалли мушкилоти шуғл ва ғайра бевосита аз фаъолияти самараноки системаи нақлиётии ҳар як кишвар ва робитаи он бо ҳамсоягон вобаста аст. Системаи нақлиётии Осиёи Марказӣ аз ҷониби бисёр муҳаққиқон ҳамчун унсури муҳими системаи байналмилалии нақлиёт арзебӣ мешавад”,- зикр намудааст ӯ.
Вазирони нақлиёти кишварҳои минтақа пешниҳодоти худро оид ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ иброз доштаанд. Онҳо ба мувофиқа расидаанд, ки ҳамаи кишварҳои минтақа бо ҳам алоқаманданд ва дар посух ба хусусиятҳо ва чолишҳои замони муосир, онҳо бояд ҳамбастагӣ ва ҳамкориро тақвият бахшанд, барои ҳалли мушкилоти бамиёноянда талошҳои муштарак ба кор баранд.
Аз рӯи натиҷаҳои Нишаст вазирони нақлиёт оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика Эъломияи муштарак ба имзо расонидаанд. Ҷонибҳо нақши муҳими нақлиёт ва логистикаро ҳамчун заминаи наздикшавии кишварҳо, пешбурди тиҷорати байналмилалӣ, равнақи иқтисодиёт ва рушди устувор махсус таъкид намудаанд.
«Ҷонибҳо аҳамияти ҳалли масъалаҳои ҷорӣ ва ба миёнояндаро бо мақсади нигоҳдорӣ ва рушди хизматрасониҳои нақлиётии интермодалӣ ва мултимодалии фаромарзӣ ва транзитӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин таҳким ва тавсеаи имкониятҳои занҷири таъминот барои кишварҳои минтақа тавассути долонҳои мултимодалиро зикр мекунанд»,- омадааст дар Эъломия.
Дар Нишаст вазирон инчунин лоиҳаи Созишномаро «Дар бораи таҳкими равобити байниҳамдигарии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ» мувофиқа кардаанд. Интизор меравад, ки он дар доираи Мулоқоти панҷуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 14-15-уми сентябр дар Душанбе баргузор мегардад, имзо шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ