Дастаи олимпии футболи Тоҷикистон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт.

Дар шаҳри Душанбе вохўриҳои интихобии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи “I” баргузор шуданд. Ба ин гурӯҳ дастаи ҷавонони Тоҷикистон, Австралия ва Лаос шомил буданд. Мусобиқа аз вохўрии дастаҳои Лаос ва Австралиё оғоз шуд, ки дуюмӣ ба дарвозаи аввалӣ 7 гол зад. Лаос танҳо бо як гол ҷавоб гардонд. Дар бозии дуюм ҷавонони Тоҷикистон бо натиҷаи 2:1 Лаосро мағлуб карданд.

Дастаи олимпии Тоҷикистон дар даври ниҳоии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо тими Австралия мусовӣ — 1:1 кард ва бо 4 имтиёз дар гурӯҳи “I” ҷойи дуюмро соҳиб шуд. Австралия низ 4 имтиёз гирифт, аммо бо тафовути бештари голҳо зинаи якумро аз худ кард. Аз ҷониби Тоҷикистон Рустам Соиров гол зад. Ҳамин тавр, аз ин гурӯҳ дастаҳои Австралия ва Тоҷикистон ба қисмати финалии Ҷоми Осиё роҳ ёфтанд.

Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои ҷавонони қора аз 15-уми апрел то 3-юми майи соли оянда дар Қатар баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *