Эълони Валиаҳди Арабистони Саудӣ дар мавриди ҳалли чолишҳои об
Валиаҳди Арабистони Саудӣ таъсиси Созмони умумиҷаҳонии обро дар шаҳри ар-Риёз барои таҳкими кӯшишҳо дар миқёси ҷаҳон ҷиҳати ҳалли ҳамаҷонибаи чолишҳои об эълон кард.
Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд Валиаҳди Арабистони Саудӣ таъсиси Созмони умумиҷаҳонии обро дар шаҳри ар-Риёз эълон кард, ки ҳадаф аз он таҳкими ҳамгироӣ ва кӯшишҳо дар миқёси ҷаҳон ҷиҳати ҳалли ҳамаҷонибаи чолишҳои об тавассути табодули таҷриба ва навовариҳои технологӣ, тадқиқот ва мусоидат ба маблағгузории бунёди тарҳҳои сифатан баланд ба манзури таъмини устувории захираҳои об ва дастрасии ҳама ба он мебошад.
Ин ташаббус баёнгари нақши Шоҳигарӣ дар мубориза бо чолишҳои об дар саросари ҷаҳон ва уҳдадориҳои кишвар нисбати масъалаҳои устувории зерсохторӣ бо назардошти таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар давоми даҳсолаҳо дар соҳаи истеҳсол, интиқол ва тақсими об, навовариҳо барои ҳалли технологии чолишҳо, саҳмгузорӣ дар сарбанди рӯзномаи байналмилалӣ гузоштани масъалаҳои вобаста ба об ба шумор меравад, ки аз ҷумлаи он то ҳол ҷудо кардани зиёда аз 6 млрд доллари ИМА барои кишварҳои 4 қитъаи ҷаҳон ҷиҳати иҷрои тарҳҳои обу корезӣ мебошад.
Созмони мазкур ҳадафҳои худро ҳамроҳ бо давлатҳое, ки мувоҷеҳи чолишҳои об мебошанд, ҳамчунин давлатҳое, ки таҷриба ва саҳмияҳои назаррас дар соҳаи об доранд, пиёда карда, бо назардошти эҳтиёҷи рӯзафзун ба об то соли 2050, ки дар он теъдоди аҳолии ҷаҳон тибқи пешгӯиҳо ба 9,8 млрд хоҳад расид, лоиҳаҳои муҳими рӯзномаи ватаниро ба зимма мегирад.
Шоҳигарӣ ба ҳамкорӣ бо давлатҳои узв ҷиҳати саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, ки ба таъмини об ва фароҳам овардани ояндаи баамн ва устувор дар соҳаи об равона карда шудаанд, умед мебандад.
Ҳамзамон бо эълони ин Созмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Пайгирии натиҷаҳои Конфронси СММ оид ба фарогирии миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Нидерландия ва Ҷумҳурии Сенегал пешбарӣ шуда буд, қабул кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ