Эмомалӣ Насриддинзода бо хонандагони литсейи равияи табиию риёзии ДМТ вохӯрд

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода бо мақсади беҳтар гардонидани фаъолияти литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо хонандагони он суҳбату вохӯрӣ намуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои гуногун, аз ҷумла татбиқи бандҳои нақша — чорабиниҳо баҳри «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», омода намудани толибилмони донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, ташкили семинарҳои омӯзишӣ, механизми омоданамоии толибилмон ба муаасисаҳои олии касбии кишвар, иштироки фаъолона дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ҷоннок намудани ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар литсей, интизоми намунавӣ ва хониши аъло, дар руҳияи ватандӯстию созандагӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ректори донишгоҳ  ба хонандагони литсей баҳри таҳсили хубу намунавӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, амиқ омӯхтани фанҳои дақиқ маслиҳатҳои муфид дод.

Ҳамчунин, ректори донишгоҳ аз ҷараёни дарсҳо, хусусан раванди дарси хонандагони синфи 2-и гурӯҳи тоҷикӣ ва хонандагони синфи 1-уми гурӯҳи англисӣ шинос шуд.

Таъкид намуд, ки роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолияти литсейи равияи табиию риёзии донишгоҳ таваҷҷуҳи зиёд дошта, ҷиҳати боз ҳам фаъолияти беҳтари он тамоми имкониятҳоро истифода менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *