Эмомалӣ Раҳмон: Дар мубориза бо таҳдидҳо бархӯрдҳои муштарак заруранд

Террористони байналмилалӣ дар Афғонистон, ки аз Ховари Миёна интиқол ёфтаанд, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ доранд.

Дар ин бора Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни конфронси сатҳи баланд оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм, ки дар Душанбе ҷараён дорад, изҳор дошт.

Ба гуфтаи Президент, интиқоли ҷангҷӯён ба Афғонистон барои тамоми минтақа хатар дорад.

«Дар шароити кунунӣ интиқоли ҷангҷӯёни террористӣ аз Ховари Миёна ба манотиқи дигар ва дар ин робита таҳкими мавқеъҳои созмонҳои байналмилалии террористӣ дар Афғонистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад», — гуфт Президенти Тоҷикистон.

Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон,  бо вуҷуди фаъолияти назарраси созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, кишварҳо дар таърифи ин падидаи хатарнок бархӯрди воҳиди истилоҳотӣ ва ҳуқуқӣ надоранд.

Президент изҳор дошт, ки то ҳама ҷонибҳои манфиатдор тафсири муфассали терроризм ва ифротгароиро қабул накунанд, ҳамоҳангии талошҳои кишварҳо дар мубориза бо ин падидаҳои зиддиинсонӣ ғайриимкон хоҳад буд. Вай қайд кард, ки дар мубориза бо ин таҳдидҳо бархӯрдҳои муштарак заруранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *