латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Пашша

Марде дар тарабхона пешхизматро даъват карда, мегӯяд:

— Худаш чӣ гап, чаро дар карамшӯрбои ман пашша шино мекунад?

Пешхизмат мегӯяд:

— Ин тарзи муосири хизматрасонӣ дар тарабхонаи мо ноу-хау ном дорад, яъне пашша қаймоқи хӯрокро омезиш медиҳад.

Ҷуръат

Ба утоқи духтури дандон марде тарсону ларзон ворид мешавад. Табиб ҳолати беморро дида, барои он ки ҳангоми кандани дандон бемор ором бошад, ба ӯ дар истакон спирт медиҳад:

— Ана инро нӯшед, тарсатон гум мешавад.

Мард спиртро нӯшида, ларзааш бас мешавад. Духтур бо табассум аз ӯ мепурсад:

— Хайр, чӣ хел, ҷуръат пайдо кардед?

Мард мегӯяд:

— Албатта! Канӣ акнун ягон кас ҷуръат кунаду ба дандони ман даст расонад!

Давомнокии моҳ

Аз майхорае мепурсанд:

— Ту дар як моҳ чанд маротиба шароб менӯшӣ?

Майхора дар ҷавоб:

— Ҳамааш аз давомнокии моҳ вобастагӣ дорад, гоҳе сӣ рӯз, гоҳи дигар сиву як рӯз.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *