толеънома

Толеъномаи 19-уми октябри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Шумо наметавонед муносибати худро бо нафаре, ки бо шумо ҳамкорӣ ва гузашт кардан намехоҳад, хуб намоед. Аз ин рӯ, ба ҷои он ки бори дигар ноумед нашавед, вазъиятро чунон ки ҳаст, қабул намоед. Кӯшиши бо ҳама дӯстӣ карданро накунед. Боз як чизи дигарро фаромӯш насозед: агар нафаре ҳангоми вохӯрӣ ба шумо табассум накунад, ин маънои онро надорад, ки ӯ шуморо эҳтиром намекунад ё дар дил нисбататон кина дорад.

Савр (21 апрел-22 май)

Имрӯз ҳам барои корҳои дастаҷамъона ва ҳам корҳои дар танҳоӣ анҷомдодашуда созгор нест. Вале ҳамкорие, ки танҳо байни ду нафар оғоз мегардад, натиҷаи самарабахш медиҳад. Эҳтимоли шамол хӯрданатон вуҷуд дорад, ба вазъи ҳаво нигоҳ карда, либоси гарм пӯшед. Нафароне, ки ошиқанд, дар ин рӯз бо сабаби ночизе муноқиша карданашон имкон дорад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Нақшаҳои дар сари худ доштаро дар мадди аввал гузоред, барои ба мақсад расидан ҷасурона амал намоед, чунки дар ин рӯз шумо ҳатман ғолибият ба даст меоред. Нафарони муҷаррад метавонанд нотарсона изҳори муҳаббат намоянд. Онҳое, ки тиҷорати худро оғоз кардан мехоҳанд, набояд рӯзи мусоидро аз даст диҳанд. Вақти дудилагӣ гузашт, ба пеш амал намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз баъзе вохӯриву маъракаҳои муҳимро ба таъхир гузоштан мехоҳед. Қабл аз он ки тағйироти ҷиддиро ба роҳ мемонед, аз оқибати он андеша намоед. Муноқишаи дар дохили оилаатон сарзадаро рафъ сохтанатон лозим аст. Дар ин рӯз бо таъмири хона машғул шуданро тавсия намедиҳем.

Асад (23 июл-23 август)

Нисбати баъзе ҳодисаҳои ногуворе, ки дар ин рӯз рух медиҳанд, диққати зиёд надиҳед. Табъатон дар ин рӯз болида аст ва бо нерӯи зиёд ҳама гуна монеаҳоро бартараф месозед. Нофаҳмии дар оилаатон сарзадаро рафъ карда, меҳру муҳаббатро аз нав дар дили ёри худ бедор намоед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Аввали рӯз ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Аз рӯи имкон робитаро кам кунеду бештар хоб рафта, бе шитобкорӣ наҳорӣ карда, мусиқӣ гӯш кунед. Баъди нисифрӯзӣ нерӯятон зиёд мегардад. Дастгирии маънавии дӯстон шуморо болу пар мебахшад. Руҳафтодагии бесабаб пайдошударо дар суҳбати дӯсти ҷонӣ рафъ месозед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Агар шумо дӯстдори дилхушиҳо бошед, имрӯз бароятон туҳфаи ҳақиқӣ аст. Барои аз таҳти дил истироҳат кардан вақт меёбед. Шуморо лозим меояд, ки ба сифатҳои манфии худ аз қабили якравӣ, худбоварӣ, дурӯягӣ ва манфиатҷӯӣ диққати бештар дода, ба қадри имкон онҳоро аз худ дур созед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ҳатто маслиҳати нафарони наздиктарини худро ба эътибор нагиред. Эҳтимол нафаре қасдан шуморо ба роҳи хато равона кардан мехоҳад. Муносибати худро бо наздикон дида бароед ва робитаро бо хиёнаткор қатъ намоед. Корҳои ҷисмонӣ дар ин рӯз фоидаоваранд. Хобҳои дар ин шаб дидаатон амалӣ мегарданд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз зодагони мучали қавс аз намуди зоҳирии худ қаноатманд намегарданд. Нафароне, ки аз фарбеҳӣ азият мекашанд, вақте расидааст, ки парҳезро риоя намоянд. Шумо гунаҳкори мушкилиҳои худро меҷӯед, бештар мустақилият нишон дода, роҳбариятро танқид накунед. Ҳар қадаре табассум намоед, ҳамон андоза коратон бобарор мешавад. Нофаҳмии бо ҳамкорон сарзадаро рафъ месозед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз танҳо бо корҳое машғул шавед, ки ба таъхир гузошта наметавонед. Корҳои дигарро баъдан ба анҷом расонидан мумкин аст. Агар вақти зиёдатонро дар берун мегузаронида бошед, аз пайи мустаҳкам сохтани масунияти бадан шавед. Нафароне, ки волидони бемор доранд, бояд дар фикри пайдо намудани табибони беҳтарин шаванд.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз нақлеро шунида, ба ваҷд меоед. Маҳз ҳамин ҳодиса сабаб мегардаду нақшаҳои худро тағйир медиҳед. Имрӯз барои робита бо намояндагони ҳифзи ҳуқуқ созгор аст. Нафарони оиладор бояд дар фикри шод сохтани дили ҳамсари худ шаванд. Дар ин рӯз ба сартарошхона рафтанро маслиҳат намедиҳем.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Барои зодагони мучали ҳут имрӯз дурудароз ва дилгиркунанда меояд. Корҳои зиёди якранг пайдо мешаванд. Барои он ки гирифтори руҳафтодагӣ нашавед, либоси беҳтарини худро ба бар намуда, ширинии беҳтаринро истеъмол кунеду ҳамсуҳбати хушчақчақ пайдо намоед. Тавассути шабакаи интернет харидорӣ намудани маҳсулотро тавсия намедиҳем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *