Эмомалӣ Раҳмон дар Ворух: Мо хоки Ватанро ба касе намедиҳем

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот бо сокинони Ворух изҳор намуд, ки масъалаи иваз кардани Ворух ҳеҷ вақт набуд ва нахохад буд.

Бинобар ин, Сарвари давлат  аз сокинон даъват ба амал овард, ба гапҳое, ки дар расонаҳо чоп шудаанд, бовар накунанд. “Мо  ҳаргиз хоки Ватанро  ба касе намедиҳем. Хоки Тоҷикистон барои мо мукаддас аст. Мо минбаъд ба рушди Ворух  кор хоҳем кард”,-иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара. Айни замон суҳбати рӯ ба рӯи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони касбу кори гуногун дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара идома дорад.

Дар ин бора хабарнигорони pressa.tj аз шаҳри Исфара, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар  сафар ҳамроҳӣ доранд, хабар доданд.

Таъкид гардид, ки барои муйян   кардани хати сарҳад соли 1992 комисияи муштарак таъсис ёфта буд. Ба ҳайати комиссия муовини сарвазирон роҳбарӣ мекарданд. Як  қисмати он муайян карда шуда буд, тарафи Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои заруриро омода сохт, аммо тарафи муқобил хомӯш мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳарчи зудтар анҷом додани расмиёти муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон манфиатдор мебошад ва дар сурати ба имзо расидани санади зикршуда аз нисф зиёди хатти сарҳади давлатӣ делимитатсия мегардад.Як нуктаи муҳими дигарро низ таъкид месозам, ки дар тамоми муддати гуфтушунидҳо масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад», — изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ба зикри Пешвои миллат, таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо дарназардошти эҳтироми комили якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад.

Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки масъалаҳои баҳси марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хати сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди мураккаб буда, ҳалли онҳо муҳлат ва заҳмати зиёд тақозо менамояд.

«Табиист, ки чунин баҳсҳо бояд бо дарназардошти манфиатҳои дуҷониба ва дар заминаи асосҳои ҳуқуқии тасдиқшудаи тарафҳо ҳаллу фасл шаванд. Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо назардошти манфиатҳои миллии ҳарду тараф мебошад. Бо истифода аз фурсат, бори дигар ба мардуми шаҳри Исфара ва деҳоти Ворух муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки бо ҳамсояҳо дар фазои дўстона ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кунанд, ором бошанд, ба эҳсосот дода нашаванд, зеро чунин масъалаҳо на бо эҳсосот, балки танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал мешаванд. Дар ҳалли ин гуна масъалаҳо роҳи дигар вуҷуд надорад», — таъкид кард Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *