Президент дар Ворух

Имрӯз, 9-уми апрел, соати 9:20 Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи иншооти маъмурӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ  вориди ҷамоати Ворух шуд.

Қаблан маълумот интишор гашта буд, ки сафар тавассути роҳи мошингард сурат мегирад. Вале мушкилоти роҳ,  ки аз ҷониби  Қирғизистон  эҷод гашта буд,  барои таъмини сафар тавассути роҳи мошингард  имконнопазир гаштааст. Як соли охир тарафи Қирғизистон ин мушкилотро бештар месозад. Шояд аз ҳамин хотир буд, ки сафари Президент тавассути чархболҳо сурат гирифт.

Қаблан pressa.tj хабар дода буд,  як гуруҳ рӯзноманигорони дохилӣ  ва хоричӣ дар ин сафар низ ба Ворух омадаанд. Дар қатори онҳо хабарнигорони  pressa.tj. низ ҳастанд, ки аз рафти ин сафар ва мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо мардум  гузоришҳо пахш мекунанд.

Ин лаҳза Эмомалӣ  Раҳмон аз чархбол поён  шуд ва роҳ ба сӯи ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ ниҳод.

Рressa.tj  аз рафти ин сафар хабарҳои фавриро барои шумо интишор мекунад. Бо pressa.tj бошед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *