Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сафари журналистон ба Ворух

Имрӯз, 8-уми апрел   гурӯҳе аз журналистон аз дохил ва хориҷи Тоҷикистон вориди вилояти Суғд шуданд.

Тавре хабарнигори агентии РИА Новости Лидия Исамова гуфт, ихтилофи марбут ба масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон боиси изтироби натанҳо сокинони ин минтақа, балки тамоми кишварҳои муштаракулманофеъ гардидааст. “Ба ин хотир ман сафар дорам то қазияи Ворухро бо чашми худ бинам ва бо гӯши худ аз мардуми деҳа шунавам”,-гуфт номбурда.

Ҳамчунин, сармуҳаррири ҳафтаномаи “СССР” Сайёфи Мизроб дар суҳбат бо хабарнигори Pressa. tj изҳор намуд, “сафари мо ба Ворух ба он хотир аст, ки  журналистикаи тоҷик нисбати якпорчагии Тоҷикистон бетараф нест”.

Хуршеди Атовулло, муассиси ҳафтаномаи “Фараж” ба сухан ҳамроҳ шуда, чунин гуфт: -Мо соли гузашта ҳам масъалаи Ворухро дар саҳифаи рӯзнома мавриди баррасӣ қарор дода будем. Ҳоло сафари ман ба он хотир аст, ки мехоҳам бубинам, ки тӯли як сол дар Ворух чӣ гуна дигаргуниҳо рӯй додааст ва руҳияи мардуми Ворух чӣ хел аст.

Айни замон сафар идома дорад ва дар ҳамин лаҳза рӯзноманигорон нақби “Шаҳристон”-ро гузаштанд.

Мавриди зикр аст, ки дар ин сафар 17 нафар рӯзноманигорони хориҷиву дохилӣ иштирок доранд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.