Эмомалӣ Раҳмон ба афзоиши бунёди мактабҳои шакли нав таъкид кард

Имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Шуғнон мактаберо ифтитоҳ кард, ки дар он 464 хонанда таҳсил хоҳанд кард.


Корҳои сохтмумонӣ дар ин мактаб аз моҳи июни соли 2015 оғоз гардида, дар давоми як сол он бо тарҳ ва усули меъморӣ бо ширкати беш аз 140 сохтумончӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дафтар мабуоти президенти  Тоҷикистон хабар медиҳад, ки мактаби мазкур бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии рушд бо арзиши 1 миллиону 802 ҳазор доллари амрикоӣ бунёд шудааст: «Сохтмони мактаб аз ҳисоби марҳилаи III-юми лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳо» муштарак бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд бо арзиши 1 миллиону 802 ҳазор доллари ИМА татбиқ шуда, он дорои муосиртарин шароити илмомӯзӣ мебошад.
Аснои боздид, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти синфхонаҳо, ки ба низоми муосири таълим мутобиқ гардонида шудааст, шиносоӣ пайдо намуд».

Манбаъ, меафзояд, ки баъди ифтитоҳи бино президенти кишвар бо хонандагон ва омузгорони мактаби мазкур мулоқот намуда, ба онҳо маслиҳатҳои муфид ва роҳнамоиҳо нишон дод. Инчунин, призидент аз ба кори сохтумончиён  баҳои баланд дода, афзуд, ки бунёди чунин мактабҳои наву замонавӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш ёбад: «Сарвари давлат ба сохтмончиён барои иҷрои корҳои босифат баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ шумораи мактабҳои шакли нав бояд боз ҳам афзоиш дода шаванд. Ин имкон медиҳад, ки шароити таълиму тадрис беҳтар гардида, волидон аз рафти донишомӯзии фарзандон ҳамеша тариқи марказҳои нави иттилоотӣ огоҳ гарданд».


 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *