Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи «Ориён-груп»-ро ба истифода дод
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 21-уми июн дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёнаро ба истифода дод, ки бо харҷи 138 миллион сомонии ҳукумати Душанбе бунёд шудаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон маҷмааи нав аз ҷониби пудратчӣ ширкати “Ориён-групп” сохта шуда, аз 4 қисми аз 12 то 16 ошёна бо 170 хона иборат мебошад.
Манбаъ афзуд, ки танҳо дар соли 2016 дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе бо маблағи умумии 1, 9 миллиард сомонӣ иншооти муҳим, аз ҷумла 42 иншооти соҳаи иҷтимоӣ, манзилҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ, иншооти савдою хизматрасонӣ, тиббӣ, муассисаҳои томактабӣ мавриди истифода қарор дода шуд: “То ҷашни 25 — солагии истиқлолият дар пойтахт 95 иншооти таъиноти гуногун бо маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ бунёд карда мешавад. 7 адад муассисаи томактабӣ барои 919 ҷой, 5 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ бо маблағи 19 миллиону 495 ҳазор сомонӣ бо 3150 ҷой аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ, манзилҳои истиқоматӣ, 7,07 километр роҳҳо, 1 адад толори варзишӣ, 4 майдончаи варзишию фарҳангӣ, барқарорсозии шабака ва таҷҳизоти гармтақсимкунӣ, аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим дар ин самт мебошад”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ