“Equality Now” аз қонунгузории Тоҷикистон низ норозист

Созмони “Equality Now” дар пайи як пажуҳиш дар арафаи Рӯзи байналмилалии занон изҳор доштаст, ки дар Тоҷикистон агар таҷовузгар бо ҷабрдида хонадор шавад, метавонад аз ҷавобгарӣ озод шавад.

Ин созмон дар пайи таҳлили қонунгузории 73 кишвари ҷаҳон гуфтааст, қонунҳои бад заминаро барои афзоиши зӯроварии шаҳвонӣ нисбати занон фароҳам меоранд: “Ҳадди ақал низоми ҳуқуқии 9 кишвар, аз ҷумла Баҳрайн, Ироқ, Филипин, Тоҷикистон, Лубнон ва Тунис имкон медиҳад, ки таҷовузгар дар сурати хонадоршавӣ бо ҷабрдида, аз ҷавобгарӣ озод шавад”.

Ин созмон инчунин изҳори нигаронӣ кардааст, ки зӯроварии шаҳвонӣ нисбати занон аз сӯи шавҳар дар бархе аз кишварҳо қобили қабул дониста мешавад.

Ёсумин Ҳасан, мудири иҷроияи “Equality Now” изҳор доштааст, ки ҳукуматҳои кишварҳо бояд қонунгузории самаранок таҳияю мавриди амал қарор диҳанд: “Сиёсатро аввал бояд барои ҷилавгирии зӯроварии шаҳвонӣ равона кунанд ва агар ин ҳодиса рух дод бояд дастрасии ҷабрдида ба адолати додгоҳӣ таъмин шавад. Дар акси ҳол ҷилавгирӣ аз афзоиши зӯроварии шаҳвонӣ нисбати занон ғайриимкон аст”.

Тибқи иттилои СММ феълан сеяки занон ва ҳар духтари даҳуми сайёра ҳадди ақал як бор ҳадафи зӯроварии шаҳвонӣ қарор гирифтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *