Ду ҳафтае, ки бозорҳои шаҳри Душанберо ба ларза овард

-Картошка чанд сомонӣ?

-3 сомониву 50 дирам.

-Пиёз чӣ?

-3 кило 10 сомонӣ.

-Сабзӣ?

-3 кг 5 сомонӣ.

-Қимат…?

-Картошкаи арзон ҳам дорем, 2 сомониву 50 дирам,- фурӯшанда як халта картошкаи пажмурдаву аз чор тараф кирмхӯрдаро ба харидор нишон медиҳад.  

-Картошкаи 3 сомонию 50 дирам гуфтаатонро арзонтар  мекунед?

-Ака, 3 сомониву 20 дирам яклухт мехарем. Ҳамагӣ 30 дирам дар болояш мемонем.

Ин пора аз суҳбати харидоре  бо  фурӯшандаи бозори «Саховат»-и пойтахт, ки рӯзи 27 феврали соли 2017 сурат гирифта буд.

«Саховат» чаро қиматист?

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки баъди тармафароиҳои зиёд дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд,  нархи орду равған, сабзиву картошка, пиёз  ва дигар намуди маҳсулот дар бозорҳои шаҳри Душанбе  ва атрофи он бамаротиб боло рафт.  Маълум шуд, ки пойтахт  дар воридоти маҳсулоти ғизоӣ пойбанди Хуҷанд аст. Ноҳияҳои атрофи он мустақилона аҳолии пойтахтро бо ғизо таъмин карда наметавонад.   Аз тарафи дигар, хунукиҳои чанд рӯзи охир   барои роҳбарони бозорҳои пойтахт ва сохторҳои дахлдор, ки  дар таъмини  аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат масъуланд,  як имтиҳоне буд, ки аз он  баҳои 3 гирифтанду халос, зеро масъулияти эшон дар ин давра чандон ҳис нашуд. Агар не, нархи 1 кг картошка аз 2 сомонию 30-50 дирам ба 3 сомонию 50 дирам боло намерафт ва ҳатто маводи сӯхт ҳам то 30 фоиз боло рафт.  Муштариён «Саховат»-ро дар муқоиса  ба дигар бозорҳои шаҳр дар мавриди нархи маҳсулот гаронтарин меҳисобанд.  Ин бозор танзимталаб аст.  Гуфтаашон яку рафторашон дигар. Масалан, дар растаҳои бозор нархи маҳсулот навишта шудааст, аммо фурӯшандагон аз рӯйи он амал намекунанд. Яъне, нарх ҳаст, назорат нест. Фурӯшандагон аз рӯйи масали “худам шоҳу табъам вазир» кор мегиранд.   Дар беруни бозори «Саховат»  Агентии «Тоҷикматлубот» тавассути мошинҳои худ  фурӯши маҳсулоти сабзавоту меваҷотро ба роҳ мондааст, ки нисбат ба нархи дохили бозор каме арзонтар аст. Аммо  сифати маҳсулот талаботи мардумро қонеъ намегардонад. Як нафар  намояндаи агентӣ, ки дар назди мошини  маҳсулотфурӯш меистод, мегӯяд,  ки онҳо низ маҳсулотро аз бозори яклухтфурӯшӣ бо  нархи  гаронтар харидорӣ мекунанд ва ба хотири коҳиши нарх дар бозор арзонтар мефурӯшанд. Пас, захираҳои  тирамоҳии «Тоҷикматлубот» куҷо шуданд, ки дар ин давраи ҳассос бо мақсади танзими нарх ба бозор бароварда шаванд?

Ёд дорем, дар давраи раисии Сироҷиддин Валиев  дар «Тоҷикматлубот»  ҳангоми каме болоравии нархи маҳсулот, захираҳои пешакӣ ба фурӯш бароварда мешуданд. Чаро ин корро роҳбарияти имрӯзаи «Тоҷикматлубот» намекунанд?

Директори бозорҳо куҷо менигаред? 

Ба андешаи Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон як сабаби асосии мунтазам баландшавии нархҳо дар бозорҳои Душанбе назорати сусти директорони бозорҳои пойтахт мебошад. Сарвари давлат дар ин хусус 15 феврал, ҳангоми вохӯриаш бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Душанбе, бо қатъият ҳарф зад.

— Зиёда аз нисфи маҳсулоти кишварзӣ дар бозорҳо истеҳсоли кишвари худамон аст, аммо нархашон хеле баланд. Ин боиси нигаронӣ ва ташвишу изтироб буда,  айби худи директорони бозорҳо мебошад. Масалан, аз ноҳияи Ҷайҳун як килограмм сабзиро 40 дирамӣ харида, оварда дар бозор то 2,5 сомонӣ ба савдо мезананд.Чунин нархгузорӣ аз куҷост? Ин бесарусомониро кӣ бояд назорат барад? Ман алҳол дар бобати болобардории «анъанавии» нархҳои бозорҳо дар арафаи идҳо чизе намегӯям, — бо норозигӣ изҳор кард Сарвари давлат ва афзуд: — Мушкилот дар худи директорони бозорҳост. Шумо фақат ҷамъкунии пули иҷора ва чекро барои кисаҳои худатон медонед. Чӣ ба шумо халал мерасонад, ки худатон ба сари замин рафта, аз деҳқон бихаред ва ба бозор маҳсулоти тару тоза ва арзони кишоварзӣ биёред? Магар ин кор мушкил  аст?

Президент  «Тоҷикматлубот», роҳбарони бозорҳо ва дигар сохторҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки ба масъалаи таъмини бозорҳо бо маҳсулоти тару тоза ва беасос баландбардории нархҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир кунанд.

Аз ин супориши Роҳбари давлат  2 ҳафта гузашт, аммо вазъ бадтар шудаасту беҳтар не.

Нархи  маҳсулоти ғизоӣ дар моҳҳои январ-феврали соли 2017

Номгӯи маҳсулот Миқдор Январ Феврал
Картошка 1 кг 2 сомонию  50 дирам 3 сомонию 50 дирам
Пиёз 1 кг 1, 50 -2 сомонӣ 3 — 3 сомонию 50 дирам
Сабзӣ 1кг 80 дирам то 1 сомонӣ 1,50 -2 сомонӣ
Орд  1 кг 3 – 3 сомонию 20 дирам 3 сомонию 50дирам
Шакар 1 кг 7 сомонӣ 7 сомонию  50 дирам
Лӯбии сурх 1 кг 9 -10 сомонӣ 10-12 сомонӣ
Нахӯд 1 кг 12 сомонӣ 14-16 сомонӣ
Себ 1 кг 6 – 7 сомонӣ 8 сомонӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

7 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *