Муҳоҷири тоҷик авал духтарчаи 5 сола ва сипас худро кушт. (Видео)

Рӯзи 4 март дар як манзил дар вилояти Орёли Русия ҷасади як марди 30-солаи тоҷик ва духтари сесолаи ӯро пайдо кардаанд. Тафтишот мегӯяд, ба гумони ғолиб мард ибтидо духтарашро бо корд кушта ва сипас худкушӣ кардааст.

Идораи вилоятии Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Орёл хабар дод, ки рӯзи 4 март ҷасади як марди 30-сола ва духтари сесолаи ӯро бо захмҳои корд аз манзиле дар як бинои панҷқабата дар деҳаи Отрадинское дар ноҳияи Мтсенское пайдо кардаанд. Кумитаи тафтишот дар робита ба ин ҳодиса бар асоси бандҳои «а” ва «в”-и қисми дуюми моддаи 105-уми Кодекси ҷиноятии он кишвар (куштори дасти кам ду нафар ва куштори ноболиғ) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Кумитаи тафтишот аз ифшои шахсияти кушташудаҳо худдорӣ кардааст, вале расонаҳои русӣ, аз ҷумла «Русский диалог” ва «Аргументи недели” хабар доданд, ки марди кушташуда шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Кумитаи тафтишот мегӯяд, тафтиши ҳодиса давом дорад ва муфаттишон чанд фарзияро баррасӣ мекунанд. Вале бино ба ин манбаъ, «фарзияи асосӣ ин аст, ки падар духтарашро кушта ва сипас худкушӣ кардааст.”

«Русский диалог” низ бо такя ба манобеи наздик ба тафтишот ба ҳамин фарзия таъкид мекунад: «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, ки алакай фарзияи мадди аввалро интихоб кардаанд. Маълум шудааст, ки ин мард бо телефонаш паёми пеш аз марг боқӣ гузоштааст.”

Манобеи ин расона ошкор накардаанд, ки дар СМСҳои фиристодаи ӯ чӣ навишта шудааст ва чаро як марди ҷавоне, ки ҳамагӣ 30 сол дошт ва ба таъбири маъруф, аз сад гули зиндагиаш ҳанӯз як гулаш ҳам нашукуфта буд, ҳам ба ҷони худу ҳам ба ҷони фарзандаш даст задааст?

«Аргументи недели” менависад, «танҳо маълум аст, ки ин мард аз модари он духтар ҷудо шуда буд ва модар духтарро аз падари тоҷикаш гирифта, бо як марди дигар зиндагӣ мекард.”

Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, ин мард ба сурати вахтавӣ дар Маскав кор мекард ва барои аёдати фарзандаш омада будааст.

«Русский диалог” аз қавли мақомоти пулис менависад: «Мард барои аёдати духтараш ба хонаи хусуру хушдоманаш омадааст. Онҳо падару духтарро танҳо гузошта, аз паси корҳояшон рафтаанд. Вақте баргаштанду натавонистанд, ки дарро бикушоянд, бонги изтироб заданд. Ва вақте ки бо кумаки кормандони идораи коммуналӣ дарро кушода, ворид шуданд, шоҳиди манзараи мудҳише гаштанд – ҷасадҳои пур аз хуни падару духтар дар рӯи кат хобида буд.”

Барои таҳқиқи ин куштори мармуз як гурӯҳи тафтишотӣ таъсис додаанд, ки ба он шахсан иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати тафтишоти вилояти Орёл Андрей Талдикин раҳбарӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *