Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Элизабет Миллард

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ,  бо Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон мулоқот кардааст.

 Бино ба итилои сомонаи расмии шаҳрдорӣ, дар ин дидор, ки имрӯз, 6 март баргузор шуд, “ҷонибҳо сатҳи кунуни ҳамкориҳои мавҷударо ҳамаҷониба таҳлил намуда, самту уфуқҳои нави ҳамкориҳои мутақобилан судманди барои ҳар ду тараф муфидро муайян намуданд”.

Ҳамчунин дар вохӯрии мазкур ба роҳҳои таҳкиму густариши робитаҳои дуҷониба дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳо миёни шаҳрҳои Душанбе ва Боулдери штати Колорадои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико диққати ҷиддӣ дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *