Эрдуғон бори дигар Президенти Туркия шуд

Дар даври дуюми интихобот, ки рӯзи 28-уми май баргузор гардид, Эрдуғон бо касби 52% оро ё 26 млн раъй курсии президентиро барои 5 соли дигар ишғол кард.

Номзади мухолифон Камол Қиличдороғлу 48% оро ё бештар аз 23 млн раъйро ба даст оварда, шикаст хӯрд, вале дар ҳамин ҳол ӯ ин интихоботро «ноодилонатарин тайи солҳои гузашта» хонда, эъломи идомаи мубориза бо Эрдуғонро кард. Қиличдороғулу дар пайи уфти қурби лири Туркия  нисбати «мушкилоте, ки дар интизори Туркия аст», ҳушдор дод.

Раҳбарони бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Владимир Путин ба Эрдуғон барқияи шодбошӣ фиристоданд. Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон низ номбурдаро табрик кард.

Эрдуғон ба ҷамъомадагон дар майдони назди деворҳои қасри худ гуфт: «Дар ин интихобот, ки яке аз муҳимтарин дар таърихи Туркия буд, мардуми мо барои як садсолаи Туркия овоз доданд».

«Пас аз коркарди 99,43% бюллетенҳо аз қитъаҳои интихоботӣ дар Туркия ва намояндагиҳо ва гузаргоҳҳои марзӣ, ҷаноби Эрдуғон 52,14%, ҷаноби Камол Киличдороғлу 47,86% овоз гирифтанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон президенти нави Туркия интихоб шуд»,- гуфт Аҳмет Йенер, раиси Комиссияи олии интихоботи Туркия дар нишасти матбуотӣ.

Расонаҳо хабар медиҳанд, ки натиҷаҳои ниҳоии интихобот 1-уми июн дар рӯзномаи расмӣ нашр мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *