Як сокини Душанбе духтарашро бо корд задааст

ВКД хабар медиҳад, ки ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри Душанберо падари 50-солааш бо корд захмӣ кардааст.

Бино ба иттилои мазкур, онҳо сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе буда, ин ҳодиса шоми 21-уми май дар манзили худи ҷинояткору ҷабрдида рух додааст. Ҷабрдида мегӯяд, ки падараш ӯро бе ягон асос бо корди дар дасташ буда 1 маротиба ба дасти чапаш задааст.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати сабук бардоштааст.

ВКД дигар тафсилоте надода, изҳор доштааст, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *