Ифтитоҳи ду дидбонгоҳ дар Шаҳритус

Рузи 28-уми май ба муносибати Рӯзи сарҳадбонони тоҷик ва 29-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаритус дидбонгоҳҳои сарҳадии “Айвоҷ” ва “Меҳнат” мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар дидбонгоҳи сарҳадии “Айвоҷ” Президенти мамлакат бо намунаи техника, дастгоҳҳои муҳандисию дидбонгоҳӣ, нусхаи симтур ва симхори барои муҳофизати хати сарҳади давлатӣ тасдиқгардида, ки аллакай даҳҳо километри он дар сарҳади давлатӣ насб гардидааст, шинос шуд.

Баъди ташриф ба дидбонгоҳи сарҳадии “Меҳнат” Сарвари давлат бо шароити барои сарбозону афсарон муҳайёшуда, аз қабили хобгоҳҳо, ҳуҷраҳои корӣ, хонаҳои хизмати сарҳадӣ, нигоҳдории силоҳу аслиҳа, синфхонаҳои таълимӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, макони истироҳату фароғат, хизмати маишӣ, нуқтаи тиббӣ, нуқтаи либосшӯӣ, сартарошхона, ошхона, майдони сафороӣ, машқ, ҳаммом, анборҳо барои захираи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ, мошинсарой ва дигар иншооти ҳайати шахсӣ шинос шуд.

Дар рӯзи таҷлили иди сарҳадбонон аз ҷониби Ҳукумат барои таҳкими иқтидори техникӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 намуд техникаи гуногуни низомӣ харидорӣ ва ба хизматчиёни дидбонгоҳҳои навтаъсиси “Айвоҷ” ва “Меҳнат” тақдим гардид.

Ҳамчунин дар ин рӯз Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи сарҳадии “Айвоҷ” бинои дуошёнаи истиқоматӣ бо 12 хона ва дар дидбонгоҳи сарҳадии “Меҳнат” 4 хонаи истиқоматиро ифтитоҳ карда, ба оилаҳои афсарон калиди хонаҳо бо тамои шароит муҷаҳҳазро тақдим намуд.

Қобили зикр аст, ки танҳо ба муносибати Рӯзи сарҳадбонони тоҷик дар саросари кишвар 33 иншооти нави сарҳадӣ барои хизмати 4 ҳазор нафар сарбоз ба истифода дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *