Эрон аз тоҷикистон об мебарад
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушти устувор, ки таҳти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» дар шаҳри Душанбе идома дорад, обро маводе номид, ки аҳамияти он дар ҷаҳон рӯз ба рӯз меафзояд ва «арзишаш дар оянда аз нафт ҳам бештар мешавад». Дар ин бора агентии иттилоотии «Форс» хабар додааст.
АИ «Форс» ҳамчунин бо истинод ба суханони Фағонӣ навиштааст: «Яке аз меҳварҳое, ки Тоҷикистон метавонад бо бархе аз кишварҳои минтақа, монанди Эрон ва кишварҳои арабӣ ҳамкорӣ кунад, меҳвари об мебошад». Сафири Эрон бо ишора ба захираҳои оби Тоҷикистон гуфтааст: «Ин зарфият вуҷуд дорад, ки рӯзе лӯлаи интиқоли об аз Душанбе ба Теҳрон ва лӯлаҳои интиқоли энержӣ дар масири билъакс роҳандозӣ шаванд». Ӯ афзудааст, ки лоиҳаҳое дар ин замина мавҷуданд ва изҳори умед кардааст, ки рӯзе бо талошҳои ду кишвар, яъне Тоҷикистону Эрон ин лоиҳаҳо мавриди татбиқи амалӣ хоҳанд гирифт.
Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ дар поёнии суҳбаташ чунин иброз доштааст: «Ташаббусҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабили Даҳсолаи «Об барои ҳаёт» ва Даҳсолаи «Об барои рушди устувор», ки аз ҷониби СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд, бисёр муҳиманд ва ин ташаббусҳо боиси он гардиданд, ки ба захираҳои оби Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад, чун ин кишвар манобеи оби ширин дар ҷаҳон мебошад».
Хотиррасон менамоем, ки Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт», ки 9 август дар шаҳри Душанбе ба кори худ шурӯъ карда буд, имрӯз ҷамъбаст мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75
Шарҳ