Каромат Шарифов ҳам тахтаю тиракашро ғундошт

Каромат Шарифов, роҳбари ҳаракати муҳооҷирони тоҷик дар Русия, гуфт, ки барои азсаргирии фаъолияти созмонаш то Суди ҳуқуқи башари Аврупо хоҳад рафт. Ӯ гуфт, далели Суди  олии Русия барои бастани созмонаш боварнакарданӣ буд.

Суди  олии Русия фаъолияти Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷикро, ки раҳбарияшро Каромат Шарифов бар уҳда дошт, ба далели хато  дар оинномаи созмон ва нодуруст пур кардани санади анҷуман бастааст.Суд  гуфтааст, ки мақом ё «статус»-и умумирусиягӣ будани ин созмон тасдиқ нашудааст, чун ба қавли онҳо,«Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар минтақаҳои ин кишвар 38 намояндагӣ дорад, дар ҳоле ки ин рақам бояд ба 43 баробар бошад».

Каромат Шарифов гуфтааст, ки  аз ин қарори Суди олии Русия розӣ нест ва барои азсаргирии фаъолияти созмонаш ба зинаҳои болотар ва ҳатто Суди  ҳуқуқи башари Аврупо муроҷиат хоҳад кард. «Мо намегӯем, ки хатоӣ нест. Хато ҳаст. Чор протоколи ҷамъият нодуруст пур карда шудааст. Аммо ин ягон маъно надорад ва ҳалкунанда нест,» — гуфт ӯ. Шарифов бовар дорад, масъалаи бастани созмонаш «ҳосили» ошкорбаёнӣ ва танқиди ӯ аз баъзе ниҳодҳои Русия ва гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ дар бозори Садовод ва Люблинои Маскав будааст, ки тоҷиконро истисмор карда ва пули кори онҳоро намедодаанд.  «Бовар кунед, эҳсос мекардам, ки ин кори Вазорати адлия нест. Ин ниҳодро барои ин кор маҷбур кардаанд. Чунки вазорат дар тӯли ҳашт соли фаъолияти мо ягон бор тафтиш нагузаронда буд. Ин дахолат аз берун ба кори Вазорати адлия буд,» — илова кард ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *