Евгений Константиновро куштанд

Капитани Нерӯҳои низомии Русия Евгений Константинов аз Бирабиҷон дар Сурия ба ҳалокат расид. Дар ин бора сомонаи «Город на Бире» бо такя ба созмони «Бародарони мубориз» рӯзи 22 май гузориш дод.

Ба навиштаи сомона, Константинов рӯзи 3 май, ҳангоми наҷот додани як мушовири дигари низомӣ, ки номаш эълон нашудааст, ҳадафи тир қарор гирифт. Ӯро рӯзи 7 май дар Новосибирск, макони хонаи падариаш ба хок супурданд ва баъди маргаш ба ордени «Мардонагӣ» пешниҳод карданд. Вазорати дифои Русия хабари марги Константиновро расман тасдиқ накард. Константинов дар тарҳрезии амалиёти зидди террористҳо ва ҳимояи мардуми мулкӣ дар Сурия иштирок мекард.

Бинобар маълумоти расмии Вазорати дифо, аз оғози амалиёти низомии Русия дар моҳи сентябри соли 2015, беш аз 30 сарбози рус дар Сурия кушта шуд. Аммо ба гуфтаи хабаргузории Reuters, маълумоти расмӣ дар муқоиса бо теъдоди воқеии кушташудаҳо ҳадди ақал чаҳор маротиба кам нишон дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *