Анна Березина — Русия

Ошиқи ин обу хокам

Ошиқи ин обу хокам, ошиқи дарёву кўҳаш,

Ошиқи рўду кавиру осмони бо шукўҳаш.

Ошиқи шабҳои маҳтобаш, ки бошад пурситора,

Мавҷи дарёяш, ки зебо боз мегардад дубора.

Ошиқам ман, ошиқи сарсабзии хоки шимолаш,

Ошиқи гармои шарҷии ҷанубу ҳиссу ҳолаш.

Исфаҳонро дўст дорам, шаҳри гунбадҳои обӣ,

Ошиқи Яздам, ки дорад рўзҳои офтобӣ.

Ошиқам бар Ҳофизу Саъдӣ, ки Шерозаш бубинам,

Кошкӣ як дам канори Тахти Ҷамшедаш нишинам.

Ошиқӣ Эронаму дорам ба хунам,

Ошиқӣ он лолаҳои сарбаланди сарнагунам.

Ин ҷаҳонро камтар аз «нисфи ҷаҳон»-аш дўст дорам,

Хоки Эронро ба қадри мардумонаш дўст дорам.

***

Ин хоки гуҳарбор, ки Эрон шуда номаш,

Шерест, ки дар байни ду дарёст куномаш.

Хуршед бурун омада ҳар субҳ зи Машриқ,

Аз Бурҷи Асад дода ба ихлос саломаш.

Маҳтоб нишаста сари ҳар гунбади ин хок,

Монанди кабутар, ки нишастаст ба бомаш.

Бо Форс дурахшанда шуда номи халиҷаш,

Аз найшакари Форс шакаргун шуда ҷомаш.

Аз марз фаро рафта ба пайғамбарии шеър,

Бо Саъдию бо Мавлавӣ аз ишқ, паёмаш.

Шавқе азалӣ дорам бар хоки азизаш,

Ишқе абадӣ дар дил дорам ба давомаш.

Пеши ситами зўргарон сина сипар кард,

Бингар, ки аз ин ҳиммат, дунё шуда ромаш.

Аз Шарқ мушарраф шав, эй боди сабо то,

Як бор саломам бирасонӣ ба имомаш.

***

Дилам мегирад аз дасти ту, эй дўст!

Зи дасти дўст ранҷидан, ҳунар нест.

Чунон иқрор кардам ошиқеро,

Ки инкорам пас аз ин муътабар нест.

***

Чаро чунин камари ҳазрати баҳор шикаста?

Чаро сокит аст қанорӣ! Чаро сетор шикаста!

На шавқ ҳасту на оҳе, чи кўчаҳои сиёҳе!

Гулўи буғз гирифта, дили қарор шикаста.

Кавир рафт ба дарё, кавир рафт ба ҷангал,

Куҷост ҷангали ман? Дор ҳасту дор шикаста.

Намонда ишқу мурувват, шикаста ҳурмати ҳурмат,

Ки қадру қимати ёрони ноздор шикаста.

Паридӣ аз қафасат, ин ҷаҳон бароят қафас шуд,

Нагў ҳисор намонда, нагў ҳисор шикаста.

Куҷор равем зи бозори ин ҷаҳони касодӣ?

Ки эътибор намонда, ки эътибор шикаста.

Бирез ҷоми сабўҳӣ, куҷост ғорею кўҳе?

Ки қалбам аз ситами аҳли ин диёр шикаста.

آنا بریزینا — روسیه

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *