Муовини сарвазир худкушӣ кардааст

Нашрияи «Хроники Туркменистана” мегӯяд, иллати марги муовини сарвазири Туркманистон Ботир Эрешов, ки рӯзи 2 май дар синни 52 вафот кард, худкушӣ будааст. Гумон меравад, ки Эрешов дар пайи оғози маъракаи густардаи зидди мансабдорони фасодкор даст ба ҷони худ задааст.

Бо гузашти қариб се ҳафта аз даргузашти муовини сарвазири Туркманистон Ботир Эрешовдар бораи сабабҳои марги ӯ гузоришҳое наве ба даст мерасанд.

Хабаргузории давлатии Туркманистон рӯзи 3 май хабар дод, ки муовини раиси кобинаи вазирони ин кишвар Ботир Эрешов дар синни 52 вафот кардааст. Ботир Эрешов аз туркманҳои зодаи вилояти Бухорои Узбекистон буд ва ҷанозаи ӯро дар зодгоҳаш ба хок супурданд.

Нашрияи «Хроники Туркменистана”, ки дар берун аз Туркманистон фаъолият мекунад, рӯзи 21 май бо такя ба манобеаш хабар дод, ки иллати марги муовини сарвазир худкушӣ будааст. Гуфта мешавад, ки Ботир Эрешов худро дар манзилаш ба дор овехтааст.

Ба гуфтаи ин манобеъ, писари Ботир Эрешов дар поёни моҳи апрел дастгир шуд ва худи ӯ ҳам, ки дар кобинаи вазирон масъулияти умури саноати Туркманистонро бар ӯҳда дошт, метавонист дар чорчӯби маъракаи густардаи мубориза бо фасод дар ин кишвар мавриди таҳқиқу таъқиб қарор бигирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *