Ҳ.Фақеров: Маҳаки асосӣ-интихоби довталаб

Мусоҳибаи ихтисосии «Тоҷикистон»  бо Ҳамидуллохон Фақеров, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

-Ҳамидуллохон Нуриддинович, муддати се моҳ мешавад, ки Шумо роҳбарии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ба зимма доред. Корро аз чӣ оғоз кардед?

— Дар муддати зикршуда нахуст вазъи таълиму тарбияро дар донишгоҳ таҳлил намуда, самтҳои асосии фаъолиятро муайян кардем. Бояд зикр намоям, ки диққати аввалиндараҷа ба таъмини низоми коргузорӣ, муташаккилии раванди таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таълим ва истифодаи роҳу усулҳои инноватсионии тайёр кардани мутахассисон равона карда хоҳад шуд. Бо ин мақсад тасмим гирифтем, ки  минбаъд ба фаъолияти ҳар як омўзгор ва сохторҳои донишгоҳ аз нигоҳи объективӣ баҳо диҳем ва аз он давра ба давра натиҷагирӣ кунем.

Ҳар роҳбар “команда”-и худро дорад. Шумо ягон тағйирот дар ин самт кардед?

— То ҳол мо ягон тағйироте накардаем, вале дар асоси омўзиши ҳолати воқеӣ ва таҷрибаи пешқадам мо лоиҳаи сохтори нави ташкилии донишгоҳро ба Шӯрои олимон барои тасдиқ пешниҳод намудем. Ба андешаи ман, сохтори нави ташкилии донишгоҳ ба талаботи замони муосир ҷавобғу хоҳад буд. Пас аз тасдиқи сохтор мо тариқи озмун давра ба давра мутахассисони лаёқатмандро ба вазифаҳои гуногун ҷалб хоҳем кард. Ҳамзамон таъкид мекунам, ки дар сатҳи роҳбарии донишгоҳ ва ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ шогирдон ва омӯзгороне фаъолият мекунанд, ки дар гузашта ҳамкории хуб доштем.

-Пештар ҳам ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон будед. Тафовут байни он давра ва имрӯз чист?

— Ояндаи мо аз гузашта ва имрӯза сарчашма мегирад. Солҳои аввал дар заминаи омӯзиш ва сафар ба кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Италия, Франсия, Испания ва ғайра барои гузариш ба низоми кредитии таҳсилот ва ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ шурӯъ карда будем. Мо ифтихор аз он мекунем, ки ҳанӯз соли 2005 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  ҳамчун  муассисаи таҷрибавӣ барои амалӣ намудани гузариш ба таҳсилоти кредитӣ интихоб карда шуд.   Албатта, оид ба ин масъала баҳсҳо зиёд буданд, аммо натиҷаи назаррас имкон дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми муассисаҳои олиро вазифадор намояд, то ҳама ба системаи таҳсилоти кредитӣ, ки маҳз дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд, гузаранд. Маҳз гузариш ба чунин низоми таҳсилот буд, ки имрӯз дипломҳои хатмкардагони донишгоҳ дар фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ эътироф мегардад ва аллакай 3 нафар омўзгорони ҷавони мо дар кишварҳои Аврупо соҳиби дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) гардиданд.

Имсол бо ташаббусси Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардидааст. Барои ҷавонон дар донишгоҳ чӣ шароите  муҳайё  сохтед?

-Вақте ки солҳои 2000-2008 ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон будам, раёсати донишгоҳ сиёсатеро пеш гирифт, ки он натиҷаи хуб ба бор овард. Тасмим гирифтем, ки аз ҳисоби хатмкунандагони лаёқатманди донишгоҳ кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ омода карда шаванд. Бо ин мақсад онҳро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои фаъолияти илмӣ-омўзгорӣ ҷалб кардем. Аз рӯйи маълумоти мо, имрӯз қариб 80 фоизи ҳайати кормандони илмӣ-омўзгории донишгоҳ, аз ҷумла, муовинони ректор, мудирони кафедраҳо, деканҳои факултетҳо, сардорони шуъбаю созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳро кадрҳое ташкил медиҳанд, ки дастпарвари худи донишгоҳ мебошанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин гурӯҳи кормандон нисбат ба донишгоҳ меҳр ва садоқаташон бештар аст. Имрӯз мо аз чунин сиёсати кадрӣ даст нахоҳем кашид ва кўшиш мекунем, ки ҷавонони лаёқатманд ҳамаҷониба дастгирӣ ёбанд ва дар оянда барои пешрафти ҷумҳурӣ ва донишгоҳ саҳмгузор бошанд. Бо мақсади дастгирии олимони ҷавон дар донишгоҳ Шўрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадии Комисссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия мебошад, таъсис додаем. Ҳамчунин барои таъсиси Шӯрои диссертатсионии нав ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод намудем.

-Айни замон бартарияти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон нисбат ба дигар донишгоҳу донишкадаҳои олӣ дар чист?

— Мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар самти амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи таҳсилоти олӣ дар ҷумҳурӣ пешқадам мебошад. Донишгоҳ нахустин муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мебошад, ки ҳанўз соли 2002 аз аттестатсияи давлатӣ гузашта, соҳиби иҷозатнома ва шаҳодатномаи рақами 000001 гашта буд. Ҳамчунин, донишгоҳ аввалин шуда дар ҷумҳурӣ татбиқи низоми кредитии таҳсилотро шурўъ намуд ва дар ин самт ба дастовардҳои назаррас мушарраф гаштааст. Соли 2012 барномаи таълимии иқтисодиёти ҷаҳонии донишгоҳ дар доираи лоиҳаи муштарак аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шуд. Бартариии дигари донишгоҳ ин робитаҳои рушдёфтаи байналмилалӣ ва низоми табодули донишҷўёну омўзгорон ва муҳаққиқон мебошад, ки ба онҳо имкон медиҳад, ки дар давраҳои муайян таҳсили худро дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ идома диҳанд. Барои рушди табодули донишҷўён ташкили гурўҳҳои махсуси таълим бо забони англисӣ мусоидат намуд. Алҳол дар донишгоҳ ва филиали он-Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд беш аз 200  донишҷў нозукиҳои илми иқтисодро пурра бо забони англисӣ меомўзанд.

Метавон гуфт, ки дар омода намудани мутахассисони соҳаи муҳосибот низ донишгоҳи мо пешсаф аст, зеро дар назди донишгоҳ Институти ҷамъиятии муҳосибон ва аудиторони касбӣ фаъолият менамояд ва аксари омўзгорони ришати муҳосибии донищгоҳ соҳиби сертификатҳои байналмилалӣ мебошанд. Имрўз хатмкардагони ин самт дар ташкилотҳои бонуфузи дохил ва хориҷи мамлакат ба сифати муҳосиб ва аудитор фаъолият мекунанд.

Боиси қайд аст, ки донишҷўёни донишгоҳ дар чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ низ фаъол мебошанд ва дастаи «Тоҷири Аҷам»-и донишгоҳ нахустин қаҳрамони «Маҳфили зарифон» дар соли 2001 мебошад ва имрӯз низ дар ин самт пешсафиро аз даст надодааст.

-Ҳоло дар донишгоҳ чанд факултет мавҷуд аст ва аз рӯйи чанд ихтисос мутахассис омода карда мешавад?

-Ҳоло дар донишгоҳ 4 факултет амал мекунад, ки аз 24 ихтисос мутахассисон омода мешаванд. Имсол баъди гирифтани иҷозатномаи навбатӣ дар соҳаи маориф мо соҳиби 3 ихтисоси нав гардидем, ки ба рушди робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи тиҷорат нигаронида шудаанд. Барои амалӣ намудани ин ихтисос дар донишггоҳ замина дорем, зеро тўли чанд соли охир зиёда аз 30 нафар омўзгорони ҷавон аз ҳисоби донишгоҳ дар мамлакатҳои хориҷӣ, махсусан Россия ва Белоруссия таҳсил намуда, имрӯз дар донишгоҳ ба фаъолияти илмӣ-омўзгорӣ машғуланд.

-Буҳрони молиявӣ таъсирашро ба соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла маориф низ расонд. Ҳоло бештари донишгоҳҳои олии мамлакат аз пардохти маблағи  шартномаи донишҷӯён шиква доранд. Ин ҳолат дар донишгоҳи шумо чӣ гуна аст?

-Тӯли чанд соли охир маблағи шартномаи таҳсил дар донишгоҳи мо тағйир наёфтааст. Аммо мушкилоти пардохти маблағи таҳсил аз ҷониби донишҷўён ҷой дорад. Оилаҳое ҳастанд, ки имкони пардохти маблағи таҳсили фарзандашонро надоранд, зеро агар қисме кор накунанд, қисми дигар аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ маблағи таҳсили фарзандашонро месупоранд. Инро ба инобат гирифта, мо сабукӣ додем, ки маблағи таҳсилро донишҷӯён марҳила ба марҳила пардохт намоянд. Мушкилоти дигар дар низоми имтиҳонҳои қабул аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон мебошад. Ба андешаи мо, дар Маркази миллии тестӣ чун дигар давлатҳои пешрафта бояд довталаб худаш ихтисос ва донишгоҳро интихоб намояд. Мутассифона, дар низоми мо ин нест ва довталаб на донишгоҳ, балки маблағи буҷетиро интихоб мекунад. Чандин донишгоҳҳое ҳастанд, ки гурӯҳҳои буҷетӣ доранд ва довталабон аввал ҷойи ройгонро интихоб мекунанд. Ба донишгоҳҳое, ки тариқи шартномавӣ мутахассисонро омода месозанд, мушкилоти сахт эҷод шуд, зеро довталабон тавони пардохти маблағро надоранд, ҳарчанд ки баъди интихоби гурӯҳи буҷетӣ онҳо гурӯҳи шартномавиро низ таваккалона мавриди интихоб қарор додаанд. Тақсимот дар гурўҳҳо ҳам ноодилона сурат мегирад. Масалан, Маркази миллии тестӣ дар як гурӯҳ барои донишгоҳи мо 25 нафар ҷудо мекунад, вале 3-5 нафарашон бо сабабҳои гуногун ба донишгоҳ ҳозир намешаванд ва 2-3 нафари дигар қобилияти пардохти маблағи таҳсилро надоранд.  Дар ин ҳолат гурӯҳҳо нопурра мемонанд. Дар натиҷа, ин ба ҳолати молиявии донишгоҳ таъсир мерасонад. Агар масъулин инро ба танзим надароранд, ҳолат боз вазнинтар мешавад. Беҳтар аст, ки дар Маркази миллии тестӣ бо довталабон суҳбат кунанд, ки оё онҳо барои пардохти маблағи таҳсил омода ҳастанд, сипас онҳоро ба донишгоҳҳо роҳхат диҳанд. Тартиби амалкунанда рейтинги воқеии донишгоҳҳоро инъикос карда наметавонад ва маҳаки асосӣ – интихоби довталаб риоя намешавад.

-Сабаби то ҳол набудани гурӯҳҳои буҷавӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар чист?

— Донишгоҳ худмаблағгузор аст. Асосан дар соҳаи иқтисодиёт, ғайр аз ихтисосҳое, ки барои давлат заруранд, бояд шартномавӣ сурат гирад. Вақте ки онҳо донишгоҳро хатм мекунанд, сохторҳои давлатӣ миқдори ками онҳоро бо кор таъмин мекунанд. Бештари онҳо дар ширкатҳои хусусӣ, бонкҳо кор мекунанд. Бигзор маблағи онҳоро ширкатҳо пардохт кунанд ва барои худашон мутахассиси касбӣ омода созанд.

-Дар масъалаи чоп, нарх ва муҳтавои китобҳо то ҳол донишҷӯён шикоят доранд. Шумо, ки солҳои зиёд дар соҳаи маорифи кишвар фаъолият доред, чӣ назар доред? Он бояд чӣ гуна бошад?

— Китоби дарсӣ барои донишҷӯ муҳим аст ва мо дар он андешаем, ки китоби дарсӣ аз ҷониби гурўҳи муаллифон аз донишгоҳҳои мухталиф омода карда шаванд ва он дар тамоми макотиби олии ҷумҳурӣ эътироф гардад.  Афсӯс, ки имрӯз бештари китобҳои дарсӣ барои як донишгоҳ таълиф меёбанд ва хариди миқдори чопшуда ба мушкилот рӯ ба рӯ мегардад. Вақте китобҳои дарсиро чандин муаллиф аз донишгоҳҳои гуногун менависанд, мазмуну муҳтавои он беҳтар ва талабот нисбат ба навиштани он ҷиддитар мешавад.

Мусоҳиб: Усмон Раҳимзода,

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *