Фараҳноз Шарафова

Фараҳноз Шарафова: Дар мактаб фақат ҷӯра доштам

Фараҳноз Шарафова, аз ҷумлаи сарояндаҳои ҷавони имрӯзаи тоҷик мебошад, ки бо сурудҳои тозатавлидаш ба дили шунавандаҳои худ роҳ ёфтааст. Яке аз сурудҳои айни ҳол машҳури Фараҳноз “Булҳавас” ва “Дардҳота ба ғам кашидан осон букунам” ҳастанд, ки қариб сари ҳар қадам ба гӯш мерасанд. Рост аст, ки ӯ бо Парвиз муносибати ошиқона дорад? Чаро касби ҳамширагиро интихоб кард? Оё ӯ метавонад, баъд аз шавҳар кардан тарки саҳна кунад? Ба ин ва дигар саволҳо бону Фараҳноз дар барномаи “Ногуфтаҳо”-и Орзу Исоев посух гуфтааст, ки фишурдаи суҳбати мазкурро пешниҳоди шумо мегардонем.

— Зиндагии шумо аз куҷо сарчашма мегирад? Дар чӣ гуна оила ба воя расидед?

— Шукри Худо дар оилаи беҳтарин. Пайвандони модариам қариб ҳама санъаткору санъатдӯст ҳастанд. Модарам низ санъатро дӯст медорад. Ман умуман намехостам санъаткор шавам, падару бародаронам низ зид буданд. Дар оила як духтар ва се писар ҳастем. Вақте аввалин суруди худро сароидам, бародаронам бо ман ҷанг карданд, қаҳрӣ ҳам шуданд. Баъди он ки дар барномаи “Парвин” ширкат варзидам, дигар чизе нагуфтанд, ҳама маро аллакай пазируфт.

— Барои саркашиатон муҷозот ё озор медоданд?

— Дар ҳамин маврид дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам гапҳои зиёд шуда буд, ки гӯё падарам маро мекушад ё акаҳоям маро ҷазои сангин медиҳанд, аммо ин суханҳо ягон воқеият надорад. Ман дар оила як духтар ҳастам, падарам беҳад дӯстам медорад, то имрӯз ягон сухани ноҷое нагуфтааст.

— Падаратон чӣ кор мекунанд?

— Соҳибкор буданд. Бисёр аз беморӣ ранҷ мекашиданд, беаҳамиятӣ мекардем. Боре аз шиддати беморӣ ба сактаи мағзӣ гирифтор шуда, оқибат як чашмашон нобино шуд. Ҳоло табобат карда истодаем. Як бор ҷарроҳӣ кардем, натиҷа надод.   

— Модаратон кор мекунанд? 

— Не, модарам ҳам бемор аст. Барои аниқ кардани бемории модарам тамоми беморхонаҳои шаҳри Душанберо гаштем, аммо бе натиҷа. Ҳамин қадар медонам, ки дилаш бемор аст. Бо вуҷуди як духтар буданам, тамоми талошу кӯшишро барои барқарор кардани саломатии модарам бахшидаам. Модарам фикр мекунад, ки мо бепарвоӣ мекунем, вале ин тавр нест, наметавонам бигӯям, ки тамоми вуҷудам барояш месӯзад (мегиряд).

— Барои аз ин ҳолати ногувор берун шудан ва болидагии хотири модаратон суруди хешро зам-зама мекардед. Чунки то имрӯз намедонистам, ки чаро маҳз ин матну оҳангро барои сароидан аз ман интихоб кардед.

— Оча, дарвозара во кун, ки расидам ба дарат,

Омадам очаи ҷон, то ки бигирам хабарат.

Ғаму дарду аламу гиряи бисёр бас аст,

Набинам очаи ҷон, кош дигар дарди сарат.

— Айни ҳол вазъи саломатии модар чӣ гуна аст?

— Хеле модарамро дӯст медорам. Ҳар шаб бедорхобӣ мекашанд, ин ҳолати ӯ маро хеле ғамгин мекунад, аммо дар наздаш нишон намедиҳаму ба дигар хона даромада, диламро холӣ мекунам. 

— Гуфтед, ки модарам зид набуд барои санъаткор шуданам…

— Бале, зид нестанд. Ҳар вақте суруди нав эҷод мекунам, пеш аз ҳама мепурсанд, ки дар наздам биншин, сурудата хон, ки ман гӯш кунам, куҷояш камбудӣ дорад ва боз ислоҳ ҳам мекунанд. Модарам санъатдӯст ҳастанду шоирӣ ҳам мекунанд. Ҳамеша таъкид мекунанд, ки дар роҳи санъат устувор бошам.

— Гуфтед, ки модарам ихтиёрро ба худам додаасту мегӯяд, ки агар хоҳӣ, ба шавҳар баро. Яъне, шумо то ҳол издивоҷ накардаед?

— Не, айни ҳол 19 сол дорам. Фикр мекунам, ки ҳамаи духтарҳо мехоҳанд хушбахт бошанд.

— Кай нақша доред?

— Ба ихтиёри ман бошад, ҳамин рӯз (механдад).

— Номзад пайдо шуд?

— Ҳоло не. Вале мехоҳам ҳамсари ояндаам то охири умр бо ман бошад. Худованд як инсонеро барои ман ато кунад, ки худотарс бошад.

— Агар чунин одам пайдо шавад, саҳнаро тарк мекунед?

— Бале, метавонам куллан саҳнаро тарк кунам. Чунки ман духтари азобдида ҳастам, сабр мекунам ва аз ман модари хуб мешавад. Ман ба ин бовар дорам.

— Фараҳноз ягон мактаби ҳунариро хатм кардед?

— Баъд аз хатми синфи 9 дар коллеҷи ба номи Аҳмад Бобоқул як сол таҳсил кардам. Аз он ки касби духтуриро дӯст медоштам, ба коллеҷи тиббӣ дохил шудам, айни ҳол дар курси 3 таҳсил мекунам.

— Сӯзандору гузаронида метавонед?

— Бале. Ба модарам ва бародаронам худам сӯзандору лозим шавад, мегузаронам. Агар шавҳар кунам, сарояндагӣ кардан намонад, барои пеши касе сархам нашудан бо ин касбам дар ягон беморхона кор мекунам.

— Ман намедонам, ки шумо бе саҳна метавонед ё на. Ин ҳанӯз савол аст…

— Аз рӯзе, ки Парвиз (продюсери Фараҳноз) пайдо шуд, бисер чизҳоро ба ман омӯхт, ки барои ин аз он кас аз замин то осмон миннатдорам. Аз рӯзе, ки бо Парвиз вохӯрдам, санъатро бештар дӯст доштам, чунки ӯ бештар аз ман барои машқ ва тавлиди сурудҳо талош мекунад. Бовар надоштам, ки то ин сатҳ муваффақ мешавам.

— Овозае ҳаст, ки миёни шумо ва Парвиз ишқу ошиқӣ аст, то кадом андоза ҳақиқат дорад?

— Не, Парвизро ба ҷои бародарам қабул кардам, бисёр дӯсташ медорам, эҳтиромаш мекунам. Бисёр душманҳо байни мо медароянд ва ӯро баҳои манфӣ медиҳанд, аммо ман то имрӯз аз Парвиз ягон камбудӣ надидам.

— Кӣ ҳастанд, он хабаркашҳо, номашонро гӯед, ин ҷо рӯяшонро сиёҳ кунем?

— Не, не, дар ин ҷо намегӯям, баъд аз сабт мегӯям (механдад).

— Яъне, мехоҳанд байни шумо ҷудоӣ андозанд?

— Байни ману Парвиз як муҳаббати бародаронаву хоҳарона аст. Баъзан байни акаву хоҳар ягон нофаҳмӣ, ҷангу ҷанҷол мешавад.

— Дар атрофи чӣ бештар ҷангу ҷанҷол мекунед?

— Дар атрофи масъалаҳои эҷодӣ, барои суруду оҳанг…

— Духтароне, ки дар байни писарон ба воя мерасанд, бисёр чусту чолок мешаванд, ин дуруст аст?

— Ростӣ, маро дар мактаб бисёр бад медиданд, чунки ман бештар бо писарҳо будам, футболбозӣ мекардаму бозиҳои бачагона. Ман дугона надоштам, фақат ҷӯра доштам.

— Гоҳо ба ҷои тӯб инсонҳоро футбол мекунанд. Яъне, зарбаҳои зиндагӣ сахттар аз зарбаҳои футбол аст. Як вақт фаҳмида будам, гӯё шумо бо як тоҷикдухтари блогер, ки Сабина ном дорад, моҷаро кардед, дуруст аст?

— Не, набуд.

— Чӣ хел не? Чаро дурӯғ мегӯед? Буд моҷаро? Дар як тарабхона, ки дӯстони ман онҷо буданд, гуфтанд, ки шумо даст ба гиребон шудед…

— Ростӣ, байни мо камтар нофаҳмӣ шуда буд. Сабинҷонро эҳтиром мекардам, намедонистам, ки бо ман ин гуна рафтор мекунад. Дар охир узрхоҳӣ кард.

— Кӣ киро зад?

— Ҳардуямон задем. Аслан ман ҷангро дӯст намедорам. Кӯшиш мекунам, ки дили касеро наранҷонам, бисёр хоҳиш кардам, ки Сабинҷон ором шав, инҷо нофаҳмӣ ҳаст. Гандагиро ҳама метавонад ва ман ҳам дигар хомӯш наистодам. Айни ҳол мо саломалек ҳастем.

— Суруде, ки худат дӯст медорӣ, кадом аст?

— Суруди дӯстдоштаам аз Гугуш аст, қариб дар ҳама маҳфилҳо ҳаминро месароям.

Ҳамиҷо ҳастаму нестам, пеши ту ҳастаму танҳо,

Мано аз худат раҳо кун, як ҳавои тоза мехом…

Омодасоз: М. ДАВЛАТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *